Вазири маориф: Мактаб ҷойи фурӯши либос нест!
Моҳи август бозори либоси мактабӣ гарм мешавад. Баҳсҳо низ атрофи либоси мактабӣ дар ҳамин моҳ оғоз мешаванд. Либосро аз куҷо бояд харид? Чаро нархи он боло мераваду назорат нест? Сифати либоси мактабӣ ба талабот ҷавобгӯ нест, кӣ назорат мекунад? Оё директори мактаб ҳақ дорад, ки хонандагонро ба харидани либос аз ҷойи муайян маҷбур созад? Ин ва дигар саволҳое ҳастанд, ки ҳар сол ба миён меоянд. Имсол ҳам масъалаи либоси мактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарор гирифт.
Мавқеи Вазорати маориф
Дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ки 10-уми июли соли равон гузашт, мавзуи либоси мактабӣ боз матраҳ шуд. Масъалае, ки солҳои охир пайваста боиси норозигии волидайн мегардад. Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода гуфт, ки вазорат танҳо намунаҳои тавсиявии либоси мактабиро пешниҳод мекунад. Аммо интихоби тарҳи либос аз ҷониби кумитаҳои падару модарон сурат мегирад.
Раҳим Саидзода бо лаҳни қатъӣ таъкид кард, ки фурӯши либоси мактабӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ ва аз ҷониби директорон ё роҳбарони синф иҷозат дода намешавад. Аз ин суханони вазир бармеояд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳақ надоранд либос фурӯшанд, барои он маблағ ҷамъоварӣ кунанд ё хонандагонро ба харид аз истеҳсолкунанда ё мағозаи муайян маҷбур созанд.
Тавре вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъкид мекунад, «ягон кас, махсусан хонанда ё омӯзгор ҳуқуқи дахолат ба ҷамъ намудани маблағ барои либоси мактабиро надорад. Яъне, падару модар, кумитаи падару модарон ва дигарон барои ин масъул шудаанд».
Ба гуфтаи вазир, бо ҷорӣ гардидани низоми пардохти ғайринақдӣ, харидории либоси мактабӣ низ бояд бо ҳамин тартиб анҷом дода шавад, то шаффофият таъмин ва роҳҳои эҳтимолии сӯйистифода аз байн раванд.
Либос ҳар сол иваз нашавад
Яке аз масъалаҳое, ки ҳар сол норозигии волидайнро ба бор меорад, тағйир додани намунаи либоси ягона мебошад. Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар ин маврид низ мавқеи мушаххас дорад: «Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳақ надоранд ҳар сол либоси ягонаро барои хонандагон иваз намоянд. Дар кишвар оилаҳое ҳастанд, ки серфарзанданд ва ҳар сол имкони хариди либоси нав барои фарзандонро надоранд».
Гуфтаи вазир ба он далел аст, ки дар оғози ҳар соли таҳсил волидайн бо хароҷоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Махсусан оилаҳое, ки чанд фарзандашон дар мактаб мехонанд, бештар маблағ харҷ мекунанд. Хароҷоти онҳо чанд маротиба нисбат ба дигарон бештар аст. Бо вуҷуди дастури Вазорати маориф ва илм, баъзе волидайн мегӯянд, ки дар амал вазъият на ҳамеша чунин аст.
Мавҷуда Раҳмонова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд: «Мо мехоҳем либосро аз ҷойе харем, ки ҳам сифаташ беҳтар бошад ва ҳам нархаш мувофиқ. Баъзан дар мактаб тавсия медиҳанд, ки танҳо аз як нуқта харид кунем. Ин барои оилаҳое, ки чанд фарзанд доранд, осон нест».
Яке аз волидайни дигар, ки нахост номаш зикр шавад, мегӯяд, ки сифати баъзе либосҳои пешниҳодшаванда ба нарх мутобиқат намекунанд: «Баъди чанд маротиба шустан матоъ ранги худро гум мекунад. Агар дар бозор ҳамон гуна либоси босифатро арзонтар ёбам, чаро онро набояд харам?».
Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки барои аксари оилаҳо масъала танҳо риояи либоси ягона нест. Сифат, нарх ва имкони иқтисодии онҳо низ муҳим аст. Имрӯз дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои дӯзандагӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғуланд. Солҳои охир давлат рушди саноати сабукро яке аз самтҳои афзалиятнок эълон кардааст. Корхонаҳои ватанӣ кӯшиш доранд, то талаботи бозори дохилиро таъмин намоянд. Ҳар сол барои садҳо ҳазор хонандаи мактаб либоси мактабӣ талаб мешавад. Ин бозори бузург метавонад барои рушди истеҳсоли ватанӣ имкониятҳои нав фароҳам орад. Аммо истеҳсолкунанда дар сурате рақобатпазир мешавад, ки сифати маҳсулотро беҳтар намуда, бо нархи дастрас пешниҳоди мардум гардонад.
Маҳдуд намудани интихоби волидайн ба як корхона ё як нуқтаи савдо баръакс, рақобати солимро коҳиш медиҳад.
Дар пасманзари либоси мактабӣ як масъалаи муҳим баъзан фаромӯш мешавад. Мактаб пеш аз ҳама муассисаи таълимӣ аст, на маркази фурӯши либос. Аммо, агар баҳсҳо танҳо атрофи либос, маблағ ва нуқтаи фурӯш давр зананд, масъалаҳои асосии соҳа – сифати таълим, дониш, малакаи омӯзгор ва омодагии хонандагон дар канор мемонанд.
Дар шароите, ки Тоҷикистон сиёсати рушди сармояи инсониро яке аз ҳадафҳои стратегӣ медонад, муҳим аст, ки баҳсҳои ҷомеа низ бештар ба сифати таълим равона шаванд. Ниҳоят, либоси ягона танҳо воситаи ташкили муҳити мактаб аст. Он метавонад интизом, ҳисси баробарӣ ва фарҳанги либоспӯширо тақвият бахшад. Аммо меъёри воқеии фаъолияти муассисаи таълимӣ ҳамоно дониш, тарбияи хонандагон боқӣ мемонад. Зеро ояндаи кишварро на либоси якранг, балки ҷавонони соҳибдониш месозанд.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ