Таъиноти нави кадрӣ. Ном ба ном
17 июли соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.


Кадҳои тозатаъин:
1. Ғуломзода Зиёратшо – муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
2. Иброҳимзода Илҳомуддин – муовини вазири маориф ва илм;
3. Ёқубзода Сӯҳроб – муовини вазири нақлиёт;
4. Яҳёзода Парвиз – муовини вазири энергетика ва захираҳои об;
5. Давлатзода Азизуллоҳ – муовини сардори Хадамоти гумрук;
6. Раҳмонзода Рамазон – директори Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
7. Золотухин Алексей – ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия;
8. Фаррухҷони Саидҷафар – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб;
9. Давлатзода Зафар – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон;
10. Нуриддинзода Сайҷамолидин – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон;
11. Абдураҳмонзода Шовалӣ – муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;
12. Хотамзода Каримхон – муовини раиси Раёсати КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ