Вазири адлия: То кунун 8008 нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шудаанд

То имрӯз дар асоси қонуни нави афв дар Тоҷикистон 8 ҳазору 8 нафар аз муассисаҳои ислоҳии кишвар озод шудаанд. Дар ин бора вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён имрӯз, 21 июл дар  нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазир, ҳамаи ин афрод шахсоне мебошанд, ки қаблан бо ҳукми суд ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда, ҷазои худро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳия шудааст, 16 июни соли 2026 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, мавриди амал қарор гирифт.

Тибқи ин қонун нисбат ба зиёда аз 18 ҳазор нафар татбиқ мешавад. Дар баробари маҳкумшудагони муассисаҳои ислоҳӣ, афроде, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар марҳилаи таҳқиқ ё баррасии судӣ қарор доранд, инчунин баъзе гурӯҳҳои дигари шаҳрвандон метавонанд аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонун баҳра баранд.

Мақомоти масъул мегӯянд, татбиқи Қонуни афв марҳила ба марҳила идома дошта, шумораи умумии шахсони фарогири он дар рӯзҳои наздик боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *