ВКД: Беш аз 11,7 ҳазор ҷиноят дар ним сол (видео)

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 11 ҳазору 731 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо дар ин давра 71 фоизро ташкил додааст. Дар ин бора имрӯз, 21 июл Вазири корҳои дохилии  Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазир, дар нимсолаи якуми соли равон мақомоти корҳои дохилӣ 41 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба одамкушӣ, 46 ҳолати ғоратгарӣ, 13 ҳолати таҷовуз ба номус ва 53 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатиро ба қайд гирифтаанд.

Дар ҳамин давра 743 ҳолати авбошӣ, 2 ҳазору 2 ҳолати қаллобӣ ва 1 ҳазору 814 ҳолати дуздӣ сабт шудааст. Аз омори пешниҳодшуда бармеояд, ки қаллобӣ ва дуздӣ аз ҷиноятҳои бештар ба қайдгирифташуда ба шумор мераванд.

Ҳамчунин, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 17 ҳолати ғайриқонунӣ тайёр кардан ё нигоҳ доштани силоҳ ва 23 ҳолати тамаъҷӯӣ-ро ошкор кардаанд.

Дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор 502 ҳолати ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *