Дар шаш моҳ 531 садамаи нақлиётӣ рух додааст

Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 531 садамаи нақлиётӣ рух дода, бар асари онҳо 287 нафар ҳалок ва 508 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин бора 21 июли соли равон Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода хабар дод.

Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ 513 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 16 нафар, аз ҷумла 6 ноболиғ, ба ҳалокат расидаанд. Ҳаҷми зарари расида аз сӯхторҳо 12 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ инчунин хабар медиҳад, ки дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 963 килограм воситаҳои нашъадор ва 292 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *