Исматулло Абдуллозода бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд
Раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозода бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст. Дар ин бора раиси Суди Олии Тоҷикистон Рустам Мирзозода рӯзи 21 июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукми суд 13 июли соли 2026 содир шуда, Абдуллозода бо пардохти ҷарима ба маблағи 2200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ба 165 ҳазор сомонӣ баробар аст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст.
Раиси Суди Олӣ ҳамчунин гуфт, ки Абдуллозода маблағи зарари молии расонидаашро пурра ҷуброн кардааст.
Қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода буданд, ки Исматулло Абдуллозода 94,3 миллион сомонӣ зарарро барқарор намуда, мебоист боз зиёда аз 922 миллион сомонии дигарро ба давлат баргардонад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Суди шаҳри Душанбе панҷ мансабдори собиқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки ҳамроҳи Исматулло Абдуллозода дар тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ гумонбар дониста мешуданд, бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда буд.
Исматулло Абдуллозода беш аз нуҳ сол роҳбарии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ба зимма дошт. Ӯ моҳи майи соли 2025 ҳамроҳ бо чанд тан аз зердастонаш боздошт шуд. Пас аз тақрибан чор моҳ, онҳо бо шарти тарк накардани ҷойи истиқомат аз ҳабс озод гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ