Маҷид Салим: Ҳайвонот вафодортар аз инсонҳоянд…
Солҳои охир масъалаи ҳифзи табиат ва ҷонварони нодир аҳамияти рӯзафзун пайдо кардааст. Баланд бардоштани маърифати экологӣ, махсусан дар миёни насли наврас, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Нависандаи маъруф, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим аз зумраи он қаламкашонест, ки дар эҷодиёташ масоили зикршуда мавқеи меҳварӣ доранд. Дар ин хусус бо эшон суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад.
Дил ба табиат
– Устод, чӣ бештар шавқи шуморо ба табиат ва олами вуҳуш ҷалб намуд? Чаро маҳз мавзуҳои марбут ба ҷонварон ва муҳити зистро барои навиштан интихоб кардед?
– Ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ парандагону ҷонваронро бисёр дӯст медоштам. Вақте ки дар синфи сеюми мактаби миёнаи ба номи Пушкини ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) таҳсил мекардам, аввалин шеърам, ки дар бораи кабк буд, дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» чоп шуд. Он шумораи рӯзномаро ҳоло ҳам дар бойгонии худ нигоҳ медорам. Шеър чунин буд:
Кабки хушгуфтори ман,
Мурғи беозори ман.
Майли сурудан дорад,
Майли паридан дорад.
Нағма карда дар қафас,
Кӯҳро мекунад ҳавас.
Модарам Саодат Назарова мудири китобхонаи колхоз буданд ва китобхона беш аз 20 ҳазор нусха китобҳои гуногун дошт. Ман аз ин имконият истифода бурда, пайваста ба мутолиа машғул мешудам ва модарам маро барои иншои шеъру ҳикоя ҳидоят мекарданд. Маҳз дар ҳамон солҳои мактабхониям бобои Аъзам бароям нахустин маротиба сагчае ҳадя овард. Ба ҷонвар меҳр бастам ва дар борааш «Дӯсти вафодор» ном ҳикоя иншо кардаму дилбастагиям аз он лаҳза ба ҷонварон афзуд ва то ҳанӯз аз ин олами рангину ҷолиби ҷонварону табиати афсункор дил накандаам. Ҳангоми таҳсил дар синфи ҳафтум аллакай барои иншои ҳикояи беҳтарин ғолиби озмуни «Шайпур»-и маҷаллаи «Машъал» гардидам. Ин ҷо низ деҳа таъсири худро расонид, яъне, ман дар он ҳикояам дарёчаи Сияҳоб, ки аз миёни деҳаамон мегузашт, манзараҳои зебои табиат, долу дарахтон ва мавзеъҳои дӯстдоштаамро тасвир намуда будам. Ҳамин тавр, солҳои мактабхонӣ мухбири фаъоли рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал» ва рӯзномаи ноҳиявӣ будаму бештар дар бораи табиату олами ҷонварон менавиштам.
– Оё боре ҳам шоҳиди ягон ҳодисаи табиӣ ва ё амали аҷиби ҳайвоноти ваҳшӣ гаштаед, ки баъдан ба ҳикоя ё мавзуи асосии асаратон табдил ёфта бошад?
– Бале, солҳои мактабхонӣ боре шоҳиди чунин воқеаи аҷиб шудам. Модагови мо – ягона ризқрасони хона рӯзе гӯсолаи мурда таваллуд кард. Волидонам шиками гӯсолаи мурдаро бо коҳ пур карда, ба назди модагов гузоштанд, то шир диҳад. Ман медидам, ки модагов боалам ба хӯсаи гӯсолачааш нигоҳ мекарду маос мезад, вай мефаҳмид, ки гӯсолачааш бе ҷон аст. Аммо модарамро бо сатили дасташ дида, шир медод ва ҳар рӯз бо аламу дард аз рӯйи меҳрубонӣ тани гӯсолачаашро мелесид. Чӣ хел вазнин буд хӯсаро лесидани модагов. Ана ҳамин воқеа боиси эҷоди қиссаи аввалинам «Хӯса» шуд.
Дуои модар
– Лутфан, дар бораи нашри нахустин китобатон қисса мекардед.
– Соли 1990 дар шаҳри Кӯлоб курс-конференсияи адибони ҷавон баргузор гардид. Он вақт ман дар рӯзномаи «Коммунисти Ховалинг»-и ноҳияи Ховалинг кор мекардам. «Гурги похӯрда» ном китобчаи аввалини худро, ки аз 82 саҳифа иборат буд, омода намуда, барои муҳокимаи устодон ба ин курс-конференсия пешниҳод кардам.
Адибон Меҳмон Бахтӣ, Урун Кӯҳзод, Саттор Турсун, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром навиштаҳои мо – навқаламонро муҳокима карданд ва китобчаи ман барои нашр пешниҳод гардид. Баъдан, охири сол китобчаи нахустинам «Гурги похӯрда» бо теъдоди 2000 нусха аз чоп баромад. То ҳол чӣ гуна ба даст гирифтани китобчаамро дар хотир дорам, ҳамчунин, дар ёдам ҳаст, ки модарам бо ба даст гирифтани китобчаам чӣ гуна ашки шодӣ рехту дуоям дод.
– Дар ҳикояҳои шумо аксар вақт ҳайвонот бештар боандешаву ҳассостар аз инсон тасвир шудаанд. Масалан, дар ҳикояи «Саги доно» шумо ба қобилияти дарки табиат ва шинохти гиёҳҳои шифобахш аз ҷониби ҷонварон ишора намудаед…
– Бале, барои он ки дунёи ҷонваронро беҳтару хубтар фаҳмам, ман факултети биологияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кардаам. Устодонам, профессорон Сатторов ва Маҳмадзиёев ба ман сабақи хуб доданд, ки дилбастагиям ба табиату ҷонварон боз ҳам бештар гашт. Ман даҳҳо маротиба ба Бешаи палангону мавзеи Чилдухтарон, Зоркӯлу Сарихосор, Бадахшон, кӯли Сарезу Аловиддин, Даштиҷуму кӯҳҳои Ҳисору Раштонзамин ва дигар мавзеъҳои таърихиямон, ки табиати зебову беназир доранд, сафарҳои омӯзишӣ анҷом додаам.
– Дар баъзе ҳикояҳои дигаратон ҳайвонот нисбат ба инсон вафодортар тасвир шудаанд. Чаро?
– Албатта, инсон бузург аст, вале дар раванди ташаккули худ бисёр чизҳоро аз ҷонварон омӯхтааст. Масалан, сохтани тайёраро аз парвози парандагон, бунёди манзилро низ аз лонасозии парандагон ва ҳатто бубинед, ки пеш аз инсон Лайка ном саг ба кайҳон парвоз кардааст.
Оид ба вафодории ҷонварон, махсусан, сагу гурба, палангу шер ва асп даҳҳо киссаҳо ба вуҷуд омадаанд, ки ин бесабаб нест. Аз ин рӯ, ҷонварон дар ҳикояҳои банда ҳушёру зирак ва рамузфаҳм тасвир шудаанд. Адибон баъзан ба воситаи тасвири ҳаводисе, ки ҷонварон аз сар мегузаронанд, дар навиштаҳои худ истифода намуда, ба хонанда ҳушдор медиҳанд, ки садоқату вафодорӣ миёни ҷонварон нисбат ба инсон бештар аст. Яъне, мақсади адиб ба ин восита сабақ додан ба инсон аст.

Чаро кабӯтарон фирор мекунанд?
– Мо дар замоне қарор дорем, ки технологияҳои муосир инсонро аз оғӯши табиат ва аз ҳаёти воқеӣ то андозае дур мекунанд. Оё адабиёт метавонад ин робитаро аз нав барқарор намояд?
– Бале, адабиёт қодир аст ин пайванди гусастаро аз нав барқарор намояд. Манфиати таълифи ин гуна асарҳо дар он зоҳир мегардад, ки дар онҳо, пеш аз ҳама, асрори ниҳони табиату олами ҳайвонот то андозае барои хонандагон равшан мегардад, нависанда табиату олами ҷонваронро зебову дилоро тасвир намуда, инсонро ба дӯст доштан ва ҳифз намудани онҳо раҳнамоӣ менамояд. Дар ин мавзуъҳо асарҳои зиёде таълиф гардидаанд. Асарҳои Чингиз Айтматов «Вақте кӯҳҳо фурӯ мерезанд», «Таҳкунда», Паустовский «Садбарги заррин», Троеполский «Бими сафеди гӯшсиёҳ» аз ҳамин ҷумлаанд, ки хондани онҳо барои насли наврас хеле зарур мебошад.
– Ба назари ман, касе беҳтар аз нависандае, ки солҳо боз ба омӯзиш ва офаридани асарҳо дар бораи табиат ва ҳифзи муҳити зист машғул аст, наметавонад ба насли наврас муҳимияти ҳифзи табиат ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳоро фаҳмонад…
– Ман аз соли 1994, солҳои дароз дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ҳамчун ходими илмӣ фаъолият кардаам ва аз ҳамон вақт то ҳол ин мавзуро пайгирӣ менамоям. Дар ҷомеаи мо бояд муносибати одамон бо табиату ҷонварон одилонаву дилсӯзона ба роҳ монда шавад. Охир, чаро имрӯз аз назди мо кабӯтарон фирор мекунанду дар хориҷа бошад, кабӯтарон аз кафи дасти одамон дон мехӯранд, ба китфи онҳо менишинанд? Чаро?! Дар ҳоле ки гузаштагони мо на танҳо бо ҷонварон муносибати хуб доштанд, балки бо олами ботину хусусиятҳои онҳо то андозае ошно буданд, ки дар офаридаҳояшон ҳайвоноти гуногунро вобаста ба ҳолат ва ҷараёни ҳодисаҳои дар асар инъикосшаванда қаҳрамони марказӣ қарор дода, аз номи онҳо сухан мекарданд. Далели ин гуфтаҳо асарҳое ба монанди «Баҳориёт»-и Сайидои Насафӣ, достони «Мушу гурба»-и Убайди Зоконӣ ва баъзе ҳикояҳои «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхию «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра мебошанд.
Мароми эҷодӣ
– Романи «Хирс»-и шуморо хонанда хуб пазируфт. Хуб мешуд дар бораи таълифи он каме маълумот медодед.
– Романи «Хирс»-и банда соли 2021 бо дастгирии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар тариқи нашриёти «Адиб» аз нашр баромад ва аз ҷониби хонандагону муҳаққиқон баҳои хуб гирифт. Дар романи мазкур зиндагии аҷиби мӯйсафед ва хирсаш, ки бо он дар як кулбаи одӣ умр ба сар мебурд, инъикос ёфтааст. Фикр мекунам, ки хонандагон пас аз мутолиаи ин роман бо қаҳрамонон ва ҷараёни ҳодисаҳое, ки дар он қаламдод шудаанд, ошноии беш пайдо мекунанд.
– Шумо асарҳои ба олами ҳайвонот бахшидаи адибони хориҷиро низ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаед?
– Бале, тарҷумаҳои зиёд дорам. Аз ҷумла, қиссаи Тургенев «Муму», ҳикояи Чехов «Каштанка»-ро тарҷума карда будам, ки дар шакли китобчаҳои алоҳида аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 40 ҳазор нусха барои тамоми мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва тақсим карда шуданд. Баъдтар ҳикояҳои Гаршин ва Паустовскийро низ тарҷума намудам. Дар баробари ин, дар Телевизиони Тоҷикистон беш аз 200 барномаи муаллифӣ дар бораи олами пурасрори ҳайвонот таҳия кардаам.
– Дар эҷодиёти шумо табиати Тоҷикистон бисёр зебову дилнишин тасвир шудааст. Маълум аст, ки бо он хуб ошноеду чун ҷон дӯсташ медоред. Мегуфтед, ки барои як эҷодкор дӯст доштани Ватану ҳусни зебои диёр то кадом андоза муҳим аст?
– Табиат хонаи умеди инсон аст ва инсон маҳз дар оғӯши табиати афсонавӣ худро хушбахт ҳис мекунад. Ана, бинед, дар фасли нозанини баҳор чӣ шоҳкориҳое дорад табиати дилфиреби Тоҷикистон. Мо бояд ба қадри ин шоҳкориҳои муҳити зист бирасем ва нагузорем, ки гулу буттаҳои нодир аз байн раванд ва шумораи ҷонварон кам гарданд, баръакс, бояд ҳамеша садои булбулону кабкони хушхон танинандоз бошад. Дар мавриди он ки дӯст доштани Ватан барои як эҷодкор то кадом андоза муҳим аст, танҳо инро мегӯям, ки шахси эҷодкор бе муҳаббати Ватан ва шукргузорӣ аз он илҳом гирифта наметавонаду эҷодкор шудан ҳам.
– Андешаҳо бобати беҳтар будани як асар миёни асарҳои дигари муаллиф гуногунанд. Масалан, хонандае аз як нависанда даҳ асар мутолиа кардаву якеро меписандад ва гумон мекунад, ки он асар ифодакунандаи тамоми мақсаду мароми ҳамон муаллиф аст. Фаҳмидан мехостем, ки аз миёни асарҳоятон кадом ҳикоя ё қиссаро метавон беҳтарин инъикоскунандаи андеша ва ҳадафи эҷодии шумо ном бурд?
– Ман як қисса дорам бо номи «Озодпаланг», ки дар бораи «Снежний барс» нақл мекунад. Ватани озодпаланг Помир аст. Он ҳайвони бисёр нодир буда, дар қуллаҳои баланд умр ба сар мебарад. Он қатори дигар ҳайвоноти нодир ба Китоби сурхи байналхалқӣ шомил шудааст. Мардуми Бадахшон шикорашро гуноҳ медонанд. Дар бораи озодпаланг қиссаам нашр шуда, ҳамчунин, дар бораи он намоишномаам дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе пешкаши тамошобини хурдсол гардида буд. Фикр мекунам мақсаду мароми эҷодии ман то андозае дар ин асар инъикос ёфтааст.
– Хуб мешуд, ки дар бораи нақшаҳои эҷодии ояндаатон низ чанд сухан мегуфтед.
– Қиссаи тозаэҷодам бо номи «Пешонисафед» дар дасти чоп буда, дар шумораи шашуми маҷаллаи «Садои шарқ» ба наздикӣ аз чоп мебарояд. Ҳоло бошад, машғули навиштани рисолаи докторӣ мебошам. Мавзуи интихобкардаам «Тасвири олами ҳайвонот дар адабиёти тоҷик» ном дорад.
– Ба шумо дар кори илмӣ ва дар эҷоди асарҳои нав ба нав муваффақият таманно дорем.
Мусоҳиб: Муҳаммад ҒАНИЗОДА,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ