Болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Дар чанд рӯзи охир нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон дубора боло рафт. Ин тағйирот дар ҳоле сурат мегирад, ки иқтисоди кишвар аз воридоти маҳсулоти нафтӣ сахт вобаста буда, ҳар як тағйирот дар бозори ҷаҳонӣ бевосита ба зиндагии мардум таъсир мерасонад.
Тибқи мушоҳидаҳо, рӯзи 9 июн дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе як литр бензини серистеъмоли АИ-92 ба 11 сомониву 30 дирам расид. Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш нархи он 10 сомониву 90 дирам ва се ҳафта қабл 10 сомониву 40 дирам буд. Ба ҳамин тартиб, дар давоми се ҳафта бензини АИ-92 тақрибан 90 дирам гарон шудааст.
Болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ боз ҳам назаррастар аст. Агар ҳафтаи гузашта як литр солярка 11 сомонӣ арзиш дошта бошад, ҳоло нархи он ба 13 сомониву 30 дирам расидааст. Яъне, танҳо дар давоми як ҳафта арзиши ин навъи сӯзишворӣ 2 сомониву 30 дирам боло рафтааст.
Фурӯшандагони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, ки дар бозор норасоии маҳсулот мушоҳида намешавад ва онҳо сабаби аслии болоравии нархҳоро намедонанд. Аммо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон тағйири нархҳоро ба вазъи бозори ҷаҳонӣ ва ташаннуҷи сиёсӣ дар Ховари Миёна рабт медиҳад.
Ба гуфтаи ин ниҳод, маҳсулоти нафтӣ воридотӣ буда, арзиши он мустақиман аз нархҳои байналмилалӣ вобаста аст. Бо авҷ гирифтани низоъҳо дар минтақаи Ховари Миёна ва болоравии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, воридкунандагон низ маҷбур мешаванд маҳсулотро бо арзиши бештар харидорӣ кунанд.
Тибқи маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ зиёда аз 325 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи беш аз 251 миллион доллар ворид шудааст. Ба ҳисоби миёна ҳар як тонна маҳсулоти нафтӣ барои воридкунандагон 772 доллар арзиш доштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ