Муноқиша дар ноҳияи Сино бо шикастани шишаҳои мошин анҷом ёфт
Кормандони Шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду занро бо гумони қасдан расонидани зарари моддӣ ва шикастани шишаҳои мошин боздошт карданд.
Тавре мақомоти милитсия хабар медиҳанд, шаҳрвандон Амина Наботова ва Малика Мизробова рӯзи 4 июн дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Сино бо шаҳрванд Ризвонова Ш. муноқиша намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, гумонбарон аз рӯйи хусумати шахсӣ бо истифода аз ашёи оҳанин шишаҳои мошини ҷабрдидаро шикаста, ба ӯ зарари моддӣ расонидаанд.
Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ санҷиш ва таҳқиқоти иловагӣ идома дошта, ҷузъиёти бештари қазия муайян карда мешавад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, пас аз анҷоми санҷиш ба амалҳои иштирокдорони ҳодиса баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд.
Видеои ҳодиса дар инҷост: https://t.me/pressa_tj/19686
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ