Занони маҳбуси тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон истирдод мешаванд
То 200 зани шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, метавонанд ба ватан истирдод шаванд. Дар ин бора ваколатдори ҳуқуқи инсон (омбудсмен)-и Русия Татяна Москалкова хабар додааст.
Ба иттилои хабаргузории «ТАСС», Москалкова гуфтааст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба номаи ӯ вобаста ба истирдоди занони маҳбус посухи мусбат дарёфт шудааст.
Ба гуфтаи омбудсмени Русия, занони хориҷӣ дар зиндонҳои ин кишвар бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ буда, аз ҷумла имкони маҳдуди мулоқот бо наздикони худро доранд. Аз ин рӯ, пешниҳод шудааст, ки онҳо ҷазои худро дар Тоҷикистон идома диҳанд.
Қаблан ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода зимни нишасти хабарӣ аз ин масъала хабар дода, гуфта буд, ки теъдоди занони пешниҳодшуда барои истирдод беш аз 150 нафарро ташкил медиҳад.
Ба таъкиди Бобозода, барои қабули ин занон омодасозии муассисаҳои ислоҳӣ зарур аст. «Барои овардани онҳо мо бояд зиндонҳоро омода кунем, то онҳоро ҷойгир намоем»,- гуфта буд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ҷузъиёти номаи ҷавобии ҷониби Тоҷикистон ва ҳамчунин муҳлати дақиқи истирдод ҳанӯз маълум нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ