Қоидаи нав дар Тоҷикистон. Пардохти экологӣ ҳангоми воридоти маводи нафтӣ

Ҳукумати Тоҷикистон меъёри нави пардохти экологиро барои воридоти сӯзишворӣ муқаррар кард. Тибқи қарори қабулшуда, минбаъд аз ҳар тонна бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ 30 евро пардохти экологӣ ситонида мешавад.

Дар санад зикр шудааст, ки ин пардохт як маротиба ҳангоми воридот гирифта шуда, барои истифодаи минбаъдаи сӯзишворӣ дигар маблағ ситонида намешавад.

Ҷорӣ кардани ин навъи пардохт аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафта гузашта тасдиқ шуда буд,

То ин замон, ҳангоми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар аз ҳар тонна 70 евро андози аксиз ситонида мешуд. Бо илова шудани пардохти экологӣ, акнун ҳаҷми умумии пардохт аз ҳар тонна сӯзишворӣ ба 100 евро мерасад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон қисми зиёди сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *