Фарзонаи Эмомалӣ номзади илмҳои тиб шуд
Фарзонаи Эмомалӣ, духтари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рисолаи илмии худро ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои тиб гардид. Ӯ, ки айни ҳол сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббиву беҳдоштӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мебошад, рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Ҷанбаҳои муосири хизматрасониҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ба кӯдакон ва наврасон дар марказҳои саломатӣ” ҳимоя кардааст.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, кори илмии ӯ таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Зоир Набиев анҷом ёфтааст. Дар рисола масъалаҳои муҳими такмили хизматрасониҳои ҳамгироишудаи тиббӣ-иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасон дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Зикр мегардад, ки саломатии кӯдакон аз омилҳои гуногуни тиббӣ-демографӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла сатҳи таҳсили волидайн, вазъи иқтисодии оила, шароити зист ва фаъолнокии тиббӣ вобастагии зиёд дошта, ба ташаккули шахсияти онҳо таъсири назаррас мерасонад. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани моделҳои муосири хизматрасониҳои тиббӣ-иҷтимоӣ аҳамияти илмӣ ва амалӣ дорад.
Ҳамзамон, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Фарзонаи Эмомалӣ дар 15 мақолаи чопӣ инъикос ёфта, 9-тои онҳо бевосита ба мавзуи рисолаи номзадии ӯ бахшида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Фарзонаи Эмомалӣ, ки 27 сол дорад, моҳи августи соли гузашта ба вазифаи сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббиву беҳдоштӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ