Марзбон барои марги сарбоз 10 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Юсуф Мирзоевро дар марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразода гунаҳкор дониста, ба 10 сол зиндон маҳкум кардааст.

Шоҳдил Ҷӯразодаи 20-сола моҳи декабри соли 2025 аз макони хидматаш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нопадид шуд ва баъд аз якуним моҳ ҷасадашро аз дарёи Панҷ ёфтанд.

Мавқеи Юсуф Мирзоев, хонавода ё вакили мудофеаш ба қазия маълум нест. Мирзоев сардори дидбонгоҳи сарҳадии “Шоҳон” дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон буд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, додгоҳ ин афсарро ба “суистифода аз мансаб” ё “баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ”, ки “аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст” (моддаи 391, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор кард. Ин банди қонун аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *