Бозгашти “Орион” аз Моҳ

Киштии кайҳонии амрикои “Орион”, ки бо чаҳор фазонавард ба Моҳ парвоз карда буд, бо муваффақият баргашт. НАСА ё Оҷонси кайҳоншиносии Амрико аз фуруд омадани кайҳоннавардон дар соҳили уқёнуси Ором, дар Иёлоти Муттаҳида хабар додааст.

Ин парвози таърихӣ дар доираи маъмурияти дувуми Артемис ва баъди 53 сол сурат гирифт ва онро як озмоиши муҳиме барои бозгашти инсоният ё фатҳи дубораи Моҳ меноманд. Се фазонаварди амрикоӣ ва як фазонавард аз Канада рӯзи якуми апрел барои аввалин бор дар таърихи инсоният дар умқи кайҳон ё масофаи рекордии дур аз Замин чарх заданд.

Ин сафари озмоишӣ 10 рӯзро дар бар гирифта, ҳадаф санҷиши вазъу тобоварии кайҳоннавардон дар масофаи дур буд. Интизор меравад, ки аллакай соли оянда парвози навбатии кайҳонавардон бо фуруд омадан ба сатҳи Моҳ сурат гирад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *