“Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд” моро ҳушдор медиҳад

Дар бораи воқеоти арафа ва ибтидои истиқлол даҳҳо осори бадеӣ, публитсистӣ, илмӣ, таърихӣ ва ёддоштӣ навишта шудаанд. Албатта, ҳамаи ин осорро наметавон бо гунаҳои ҳамсонашон дар як радиф гузошт. Бахусус, баъзе осори публитсистӣ ва ёддоштиро, ки муаллифонашон аз аҳли эҷод нестанд. Зеро дар ин осор аксаран ба воқеоти он рӯзгор аз дидгоҳи як нафар, аз мавқеи ба муаллиф мувофиқ назар карда шудааст.

Аммо асари публитсисти шинохта Шариф Ҳамдампур “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд” (Душанбе: нашриёти “Тоҷикистон”, 2025.- 320 с.) бори дигар исбот мекунад, ки маърифату ҷаҳонбинии муаллиф дар бозкушоии муаммову мушкилот ва пардабардорӣ аз воқеоти мармузи он рӯзгор то кадом ҳад нақши муҳим дорад. Ин ҷо “Ман”-и муаллиф мисли дигар “Ман”-ҳо нест. “Ман”-и муаллиф дар ин асар ба маънои қаҳрамонсозии муаллиф нест, балки “Ман”-и муаллиф ин ҷо шоҳид аст, роҳбалади хонанда аст. Дар симои “Ман”-и муаллиф мо публитсисти боадолатро мебинем, вай андешаи худро ба хонанда таҳмил намедиҳад, балки онро бо ҳуҷҷат, санад, нақли шоҳидон тавассути равиши мантиқӣ исбот мекунад. Муаллиф касеро бад намегӯяд, ҳукм намебарорад, агару магар надорад. Муаллиф дар ин асар ба факту далел такя менамояд, рӯйдодҳоро тавре буд, меорад, гумону тахмин намезанад ва хонанда худаш мувофиқи даркаш хулосаву натиҷа мебардорад. Ва ҳамин рӯҳияву равиш аз оғоз то ба анҷоми асар меравад. Муаллиф гӯё назди рӯҳи қаҳрамонаш Муродуллох Шерализода “қарзи маънавие” дорад, ки он ҳақиқат аст ва гуфтану навиштани онро вазифаи худ медонад.

Суханони ҳанӯз соли 1993 гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) шаҳодати эҳтирому эътимод ба шахсияти Муродуллоҳ Шерализода аст: “Муродуллоҳ барин шахсони наҷиб рӯзгори хешро бидуни хизмати халқ тасаввур карда наметавонистанд. Ӯ воқеан ҳам донишманди фозил, фарзонамарди соҳаи фарҳангу маданият, арбоби барҷастаи давлатӣ буда, таҳким бахшидани дӯстию бародарии ҷовидонаи тамоми халқҳою миллатҳои ҷумҳуриамон, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизро ҳадафи волои худ ҳисобида буд” (с. 5).

“Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд” аз 10 боб ва қисмате аз хотираҳо иборат аст. Дар навбати худ ҳар боб унвони ҷолиб доранд: 1. Роҳе, ки зи “Ҷӯйи Мӯлиён” оғоз шуд; 2. Бонуе, ки Наврӯзро зинда кард; 3. Озмоишгоҳи геополитикӣ; 4. Бозгашт ба Душанбе; 5. Аз мулоқот то рисолат; 6. Сабақи таърих: аз Довуд то Наҷиб; 7. Як ғалати Юрий Андропов ва бурди Қаҳҳор Маҳкамов; 8. Дар гирдоби орзуҳо ва овозҳо; 9. Чӣ гуна “Садои мардум” садои мардум шуд?; 10. Шоме, ки субҳ надошт. Қисмати хотираҳо бо номи “Муродуллоҳ Шерализода дар оинаи дӯстон” ёддошти дӯстону ҳамнишинон ва ҳамкасбони қаҳрамонро дар бар мегирад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки ҳар боб мавзуи алоҳидаест, аммо кас вақте асарро мутолиа менамояд, як пайванд, як занҷири ногусастаниро миёни бобҳо эҳсос менамояд.

Ва ин пайвандро ба таври мухтасар метавон чунин арзёбӣ кард:

1. “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд” асари таърихист. Зеро дар он таърихи арафа ва ибтидои истиқлоли Ватан бозгӯӣ мешавад. Муаллиф, ки тарбиядидаи муҳити маънавии миллӣ ва ҳам таҳсилкардаи яке аз машҳуртарин донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ – Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов аст, дидгоҳ ва мавқеи устувори сиёсию миллӣ дорад. Андешаву мушоҳида ва бардоштҳои муаллиф дар бораи сохт ва идеологияи давлатӣ, сиёсатҳои ҷаҳонию минтақавӣ, раванди бедории миллӣ реша дар ҷаҳонбинӣ, маърифат, донишҳои илмӣ, тафаккури мантиқӣ ва прагматикии муаллиф доранд. Муаллиф қаҳрамонашро медонад ва дар бисёр масъалаҳо ҳамроҳу ҳампаймон аст. Ҳамин хусусиятҳо китобро хонданӣ кардаанд.

    2. Асар оинаест, ки хонанда дар мисоли рӯзгори як зиёии асил таҳаввулоти ҷомеаи Тоҷикистонро мебинад. Ва дар ҳамин замина решаву омилҳои таҳаввулот, нақши шахсиятро дар ин таҳаввулот ва ҷомеаву рӯзгори мардум ҷӯё мешавад. Муродуллоҳ Шерализода на танҳо як зиёии асил, балки меросбари фарҳангу адабиёти оламшумулест, ки реша дар умқи таърихи чандҳазорсола дорад, маърифату ҷаҳонбиниаш аз шеъри Одамушшуаро Рӯдакиву осори дигар бузургон сарчашма гирифтааст. Дар сиёсат меросбари Устод Айнӣ ва Аллома Бобоҷон Ғафуров аст. Зеро аз ҳавзае вакили мардумӣ ба Шурои Олӣ интихоб гардида буд, ки қаблан ин ҳавзаро ин ду фарзонафарзанди миллат намояндагӣ мекарданд. Маҳорату ҷаҳонбинӣ, мавқеи устувори сиёсӣ, иродаи қавӣ, андешаи миллӣ дар баҳсҳои парлумонӣ, огоҳии комил аз таърихи миллат ва равандҳои ҷаҳони муосир боис гардиданд, ки Муродуллоҳ Шерализода аввалин сармуҳаррири нашрияи парлумонии Тоҷикистон – “Садои мардум” интихоб шавад. Ва ин нашрия аз рӯзҳои аввалини фаъолият содиқтарин нашрия ба миллату давлат боқӣ монд. Ҳақ бар ҷониби муаллиф аст, вақте менигорад: ““Садои мардум”шояд ягона нашрияе буд, ки то рӯзи марги Шерализода қотеона дар канори ҳукумат монд… “Садои мардум” бо роҳбарии Шерализода бо тамоми масъулият ва ҷасорат мавқеи давлатро ҳимоя мекард” (саҳ. 228).

      3. Ин китоб як навъ баёни эҳтирому қадршиносии як нафар шахси арзанда (қаҳрамон) аз ҷониби шахси дигари қадрдону намакшинос (муаллиф) аст, ки дар шароити имрӯзаи мо кам дучор мешавем. Баръакс, бештар шоҳиди акси ҳол ҳастем.

      4. Мо дар асар таъсири муҳит ба ташаккули шахсияти қаҳрамон Муродуллоҳ Шерализодаро ба мушоҳида мегирем. Муҳити хонаводагию деҳа, муассисаҳое, ки қаҳрамони асар фаъолият кардааст, сафарҳои хизматӣ ба Афғонистон, шину хез ва суҳбату нишастҳо бо шахсиятҳое мисли Ҳабиб Аҳрорӣ, Бӯринисо Бердиева, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина, Мастон Шералӣ, Лоиқ Шералӣ, Меҳмон Бахтӣ, Тошбой Бобоев, Доро Дӯст ва дигарон дар ташаккули хислату характери Муродуллоҳ Шерализода нақши муҳим гузоштаанд.

      5. Дар китоб бо тасвиру инъикоси як ҷузъ ё як лаҳза чеҳраву характери одамон кушода шудаанд. Ба таври мисол, аз тасвири лаҳзаҳои марбут ба ҷустуҷӯи қаҳрамон омадани тарҷумони соҳибтаҷриба Ҳабиб Аҳрорӣ, вохӯрии нахустину тасодуфии муаллиф (Шариф Ҳамдампур) бо қаҳрамон (Муродуллоҳ Шерализода), тарзу муносибати сармуҳаррири нашриёти “Маориф” Муқаддас Искандарӣ бо муаллиф ҳангоми суҳбат-имтиҳон, мубоҳисаи Муродуллоҳ Шерализода бо роҳбари илмиаш Анатолий Вишневский, нақши анъанаву таомули деҳот – шинохту баҳодиҳӣ ба қаҳрамон аз рӯи гузаштагону хонавода (ҳангоми интихоботи вакилони Шурои Олӣ) ва ғайра метавон ном бурд. Агар ба умқи ин лаҳзаҳои ба назар сода равем, мебинем, ки бо вуҷуди омилҳои субъективӣ, донишу маҳорат, самимияту садоқат ва адолат дар сарнавишти қаҳрамон ва муаллифи асар нақш доштаанд. Хоса андешаву бардоштҳо дар бораи фоҷиаи Афғонистон дурбинона ва бархоста аз воқеияту таҷрибаи таърих буда, шаҳодати дониши васеъ ва таҷрибаи муаллиф мебошад: “Афғонистон дар тӯли таърих на бо ҳузури як миллат, балки бо таҳаммул ва тақсими қудрат зинда мондааст. Бе ин ҳеч ҳукумате дар ин сарзамин поянда намемонад” (с. 141).

      – Китоб ба тарзи хеле нозук бо овардани воқеае як паҳлуи ахлоқи ҷомеаи моро дар он рӯзгор – баҳори соли 1992 нишон медиҳад. Ин рӯйдод – изҳорот нашр кардани ҳамкорони сармуҳаррир Шерализода дар нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” аст, ки ҳамагӣ 2 рӯз пеш аз кушта шуданаш ба вуқуъ пайваста буд (с. 237). Ин изҳорот, ки камтар аз 10 сатр буд, парда аз рӯйи симои аслии хеле аз ҳамкоронро бардошт. Саволҳои ба худ додаи қаҳрамон: Чаро онҳо ин корро карданд? Магар ин корд аз пушт задан нест? Ё шояд ин оғози бозии дигар бошад? (с. 240) нишон медиҳанд, ки сармуҳаррир ба зердастонаш, аз ҷумла муаллифони изҳорот боварию эҳтиром доштаву амали онҳо барояш сахт дардовар аст. Дар ин ҳам зуҳурот ва ҳам падида мо 2 тарзи бархӯрд ба як рӯйдодро мебинем. Аз як тараф, шахсони манфиатҷӯ дар ҳама давру замон буданд, ки бо равиши обу вазиши бод амал мекунанд. Ва зумрае аз ҳамин қабил одамон дар лаҳзаҳои ҳассос, новоста аз гузашта ва некиҳои дида аз дигарон, симои худро ошкор кардаву аз пушт ханҷар мезананд. Насли калонсолу огоҳ он қазияро хуб медонанд, аммо муаллифи китоб як падидаи дигар – муносибати Муродуллоҳ Шерализодаро ба муаллифони изҳорот тавассути додани мукофотпулӣ нишон медиҳад, ки нишони ахлоқи волои қаҳрамон аст. Ин тарзи муносибат дар он рӯзгор, ки хиёнату разолат ҷойи садоқату ҷавонмардиро гирифта буд, воқеан падида буд. Муаллиф Шариф Ҳамдампур бо нашри расми он изҳорот аз саҳифаи нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва овардани нақли яке аз имзокунандагон (аслан мазмунро надониставу нахонда, ки ташкилкунанда тавассути телефон ризояташро гирифтааст), ки ба хатои худ иқрор аст (с. 244-245), ба дигар муаллифони мактуб (ва чунин нафарони паси пардабуда) ва мо ҳушдори маънавӣ медиҳад: Ҷавонмардӣ кори ҳар кас нест.

       Муаллиф публитсисти забондону рангинхаёл аст. Ҳамин аст, ки асар бо усули бисёр равону шево навишта шудааст. Мо дар ин асар суханбозию пургӯиро намебинем. Ҳар як ибораю ҷумла мисли масолеҳи сохтмонии бино ҷою мавқеи худро дорад. Ва тасвирҳои муаллиф он қадар самимию воқеӣ ҳастанд, ки моро на танҳо ба умқи рӯйдод мебаранд, балки нохудогоҳ иштирокчии он месозанд. Он шаби фоҷиа (5-6-уми майи соли 1992) ман бо муаллиф то субҳ дар ҷасадхонаи Беморхонаи Қарияи Боло будам, дарду танҳоии муаллифро дар худ эҳсос кардам, баробари ӯ дар изтиробу таҳлука будам (с. 255-257). Хонанда бо мутолиаи пораҳо аз рӯзгори пурдарду фоҷиавии дирӯзаи қаҳрамон (ҷавонмаргии бародару фарзанд) ва имрӯзаи ҳамсари Муродуллоҳ Шерализода поёни як достони ғамангезро мебинад. Ва он “Хотироте, ки бод бурд”-ро мемонад.  

      Дар қисмати охир, ки “Муродуллоҳ Шерализода дар оинаи дӯстон” унвон дорад, шахсият, дониш,  маҳорат, ҷавонмардӣ, қавииродагӣ, некандешӣ, ҳақгӯиву ҳақталошӣ, устуворӣ дар мавқеъ ва дигар хислатҳои ҳамидаи қаҳрамон тавассути марсияву хотираҳои намояндагони илму адаб Кароматуллоҳ Олимзода, Тошбой Бобоев, Умриқул Ҳақбердиев, Луқмон Қурбонов, Бахтиёр Муртазоев ва Камол Насрулло васфу тамҷид мешаванд.

      Хулоса, “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд” китобест, ки дар бозтоби симо ва зиндагиномаи як нафар чеҳраи сиёсию иҷтимоӣ ва касбӣ моро сабақҳои инсонию ахлоқӣ медиҳад. Сабақи расидан ба қадри ҷонбозиҳои фарзонагони миллат, фаромӯш накардани қурбониёни роҳи истиқлол, сабақи дар дилу дидаҳои мардум ҷой доштани ҷавонмардон.

      Сангин ГУЛЗОД,

      номзади илмҳои филологӣ, дотсент

      Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
      Моро пайгири намоед
      Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

      Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


      Шарҳ

      Назари дигар доред? Нависед!

      Leave a Reply

      Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *