Ҷамъбасти олимпиадаи байналмилалӣ дар ДБССТ
17 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷоизасупории олимпиадаи байналмилалӣ баргузор гардид. Олимпиада дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Green. Digital. Smart» доир шуд.
Дар маросим ҷамъбаст ва қадрдонӣ роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати ҳакамон, устодон ва иштирокчиёни олимпиада иштирок намуда, натиҷаи ниҳоии озмун эълон гардид. Таъкид шуд, ки олимпиада дар фазои рақобати солим ва шаффоф баргузор гардида, иштирокчиён сатҳи баланди дониш, маҳорати таҳлилӣ ва тафаккури эҷодиро нишон доданд.
Дар фарҷом ғолибон аз рӯи ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян шуда, бо дипломҳои дараҷаи I, II ва III ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, як қатор иштирокчиёни фаъол барои натиҷаҳои назаррас бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи байналмилалӣ бо иштироки донишҷӯёну муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии дохилӣ ва хориҷӣ баргузор гардид. Дар оимпиада иштирокчиён аз рӯи як қатор фанҳо, аз ҷумла назарияи иқтисодӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, забони англисӣ, сайёҳии байналмилалӣ, амнияти молиявӣ ва барномасозӣ қувваозмоӣ намуда, донишу малака ва тафаккури эҷодии худро нишон доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ