Трамп аз оғози даври нави музокирот бо Эрон хабар дод

Доналд Трамп аз оғози даври нави музокирот миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳайати амрикоӣ барои идомаи гуфтушунидҳо ба шаҳри Исломобод сафар кардааст.

Тибқи иттилои расонаҳои амрикоӣ, ҳайати ИМА аз Ҷей Ди Вэнс, Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер иборат мебошанд.

Президенти Амрико Доналд Трамп изҳор доштааст, ки умедвор аст даври нави музокирот метавонад ба дастёбии созиши мушаххас мусоидат кунад. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳамзамон Эронро ба нақзи оташбас муттаҳам намудааст.

Ёдовар мешавем, ки даври аввали музокирот миёни ИМА ва Эрон қаблан низ дар Исломобод баргузор гардида буд, аммо он бидуни натиҷаи мушаххас анҷом ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *