Ҳаққи зӯр дар сиёсати ҷаҳонӣ. Ояндаи Эрону Амрико дар суҳбат бо сиёсатшинос Шералӣ Ризоён (видео)
11 ва 12-уми апрел дар шаҳри Исломободи Покистон музокираи ҳайатҳои эрониву амрикоӣ бе натиҷа анҷом ёфт. Ҳайатҳоро раиси парлумони Эронвамуовини Президенти ИМА роҳбарӣ мекарданд. Дар 47 соли мавҷудияти Ҷумҳурии Исломӣ дар Эрон ин аввалин бор буд, ки бо Амрикоба таври мустақим ва рӯ ба рӯ музокира сурат гирифт. Дар ин мавзуъ суҳбате доштем бо сиёсатшинос Шералӣ Ризоён, ки фишурдаи онро манзури шумо мекунем.
– Сабаби асосии бенатиҷа поён ёфтани музокираи Исломободро шумо дар чӣ мебинед?
– Дар давраи аввали музокирот ба натиҷа расидани ҷонибҳо имкон надошт, вале дар пайи ҷанги 40-рӯза баргузории гуфтушунид худ натиҷаи мусбат аст, чун тарафҳо имкон пайдо карданд шартҳоеро, ки пеши якдигар гузошта буданд, баррасӣ кунанд. Дар расонаҳои байналмилалӣ хабарҳо ҳаст, ки ин ҳафта давраи дуюми музокирот миёни Эрон ва ИМА баргузор хоҳад шуд. Вале ин дафъа вежагӣ ин аст, ки дар ҷомеаи кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, ки қаблан дар чунин ҳолатҳо аз як гиребон сар бароварда, амал мекарданд, имрӯз чунин умумияти назар ва дидгоҳҳо мушоҳида намешавад. Имрӯз Амрико як чиз мегӯяд, вале шарикони муҳимаш дар Аврупо, аз ҷумла Фаронса ва Бритониё чизи дигар. Агар то поёни оташбас, яъне 21-уми апрел ҷонибҳо доир ба бахшҳои муҳими шартҳое, ки ба ҳамдигар гузоштанд, ба натиҷае бирасанд, ин ҷанг бо созиш ё ҳадди ақал бо тавофуқ ба анҷом мерасад, вале агар ба созиш нарасанд, дубора оғоз шудани даргириҳо аз эҳтимол дур нест.
– Маълум аст, ки ду кишваре, ки қариб ним аср боз ихтилоф доранду ҳоло ҳам дар ҳоли ҷанганд, дар як нишаст наметавонанд ба созиш бирасанд. Вале имкон дошт, ки ақаллан даври баъди музокиротро муайян кунанд ва ин масирро идома диҳанд. Аммо ин ҳам нашуд. Ба назари шумо оё дар оянда музокира байни ин ду кишвар сурат хоҳад гирифт ё не?
– Ин аз эҳтимол дур нест. Чунки тавофуқ барои ҳар ду ҷониб муҳим аст. Агар шумо мушоҳида карда бошед, вақте эълон шуд, ки музокирот ба натиҷа нарасид, нархи маводи сӯхт дубора дар бозори ҷаҳонӣ боло рафт. Бинобар ин, ҷонибҳо дар ин давра талош мекунанд, ки аз фишори равонӣ нисбат ба якдигар истифода баранд. Ин ҷо ба эҳтимоли зиёд тарафе ғолиб меояд, ки ба ҳамин фишорҳои равонӣ тобоварӣ дошта бошад. Дар тӯли 40 рӯзи ҷанг мо дидем, ки давлатмардони Эрон ба ҳадди аксари фишорҳо тобоварӣ доранд. Ҳар чӣ буду набуд, Эрон тавонист ба бисёре аз даъвоҳо ва хостаҳои худ машруияти байналмилалӣ бахшад. Масалан, то ин ҷанг ба хеле аз нуктаҳое, ки аз ҷониби Эрон гуфта мешуд, ба вежа дар мавриди ғанисозии ураниум ва ё бекор кардани таҳримҳои байналмилалӣ, кишварҳо назари муқобил доштанд ва онҳоро ҳамчун шартҳои ғайри қобили пазириш арзёбӣ мекарданд. Ба ёд оред тирамоҳи соли гузаштаро, ки кишварҳои аврупоӣ барои эҳёи дубораи таҳримҳои СММ нисбат ба Эрон овоз дода буданд. Ҳоло аксари ин кишварҳо ҳамин шартҳои Эронро табиӣ эътироф мекунанд, ки ин барои Эрон падидаи мусбат аст, вале барои ИМА дар сиёсати байналмилалӣ чолиш эҷод мекунад.
-Амрико ва Эрон аз 8-уми апрел ба хотири пешбурди музокира ба муддати ду ҳафта оташбас эълон карданд. Агар ин муҳлат ба поён расад, оё хатари дубора аланга гирифтани оташи ҷанг вуҷуд дорад ё оташбас тамдидхоҳад шуд?
– Як вежагии ИМА ва ҳамчунин Эрон дар ин аст, ки ин кишварҳо ғайри қобили пешбинӣ ҳастанд. Махсусан ИМА ва раисҷумҳури он, ки дар як рӯз се изҳороти гуногун медиҳад. Дар 40 рӯзи ҷанге, ки мо дидем, аксари қадамҳое, ки аз ҷониби Эрон бардошта шуданд, низ ғайри қобили пешбинӣ буданд. Рӯшан аст, ки ҷонибҳо барои идомаи ҷанг манфиатдор нестанд, зеро ин барои ҳар ду кишвар чолишҳои муайян офарид. Аммо тавре гуфтем, агар як тавофуқе ба даст наояд ва оташбас ба як давраи номуайян равад, ин далели омодагӣ ба ҷангро дорад. Назари дигаре ҳам ҳаст. Аз рӯйи навиштаҳои расонаҳои наздик ба ИМА ва Эрон, гумоне ҳаст, ки ҷонибҳо дар музокирот бар аксари кулли масоиле, ки буд, ҳатто барои давраҳои ғанисозии ураниум ба тавофуқ расидаанд, вале барои он ки шарикону рақибон дар ҳолати шок наафтанд, ҳар ду ҷониб эълон карданд, ки музокирот натиҷа надод. Агар гуфтушуниди аввал бидуни натиҷа ва бидуни шакл гирифтани як дидгоҳи умумӣ анҷом мешуд, талошҳо барои баргузор шудани даври дуюми музокирот сурат намегирифт. Аммо ин ҷо як бозии бузург вуҷуд дорад ва агар овозаҳо ба шароити воқеӣ мувофиқат накунанд, ин метавонад барои фиреби роҳбурдии Эрон рӯйи даст гирифта шуда бошад.
– Яке аз мавзуҳои асосии мавриди ихтилоф гулӯгоҳи Ҳурмуз аст. Эрон мехоҳад, ки он дар ихтиёраш бошад ва аз киштиҳо ҳаққи убур гирад. Амрико талаб дорад, ки он мисли пештара озод бошад. Низоми ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин хусус чӣ мегӯяд?
– Дар ду-се даҳсолаи охир ҳар кишвар низоми ҳуқуқи байналмилалиро ба он тавре, ки мехоҳад, тафсир мекунад. Агар низоми ҳуқуқи байналмилалӣ амал мекард, ҷангҳои зиёде, ки дар ин авохир сурат гирифт, аз ҷумла ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон сурат намегирифт. Бинобар ин, ишора карданамон ба ҳуқуқи байналмилалӣ оқилона нест, зеро дар дунё ба назар мерасад, ки нерӯи қонун бартарӣ дар баробари ҳаққи зӯр надорад. Ва дар дунё дар сиёсати байналмилалӣ, аллакай мо пурра дар амал татбиқ шудани ҳаққи зӯрро мебинем.
Ба барномаи музокирот афтодани омили гулӯгоҳи Ҳурмуз худ як эътирофи ғайрирасмии ҳаққи Эрон барои назорат аст, зеро дар 40 рӯзи ҷанг яке аз омилҳои асосие, ки кишварҳои ҳампаймони Амрикоро барои пазириши шартҳои Эрон водор кард, ин ба таври физикӣ контрол кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз буд. Агар мо аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ баён кунем, чандин гузинаҳоро метавонем ном барем. Имрӯз Фаронса ва Бритониё барои фарохони як ҳамоиши байналмилалӣ барои сарнавишти ояндаи Ҳурмуз омодагӣ мебинанд. Шояд баъзе моделҳое, ки ба гузаргоҳҳои дигари баҳрии ҷаҳон мавҷуд аст ва ҳар кадом кейси муайян барои вуруду убури киштиҳо, ба вежа киштиҳои ҷангӣ дорад, нисбат ба гулӯгоҳи Ҳурмуз татбиқ шавад ва ҳаққи назорат, ба вежа назорати киштиҳои низомӣ ба Эрон гузарад. Ин барои амнияти Эрон бисёр муҳим аст. Чун аз нигоҳи амалӣ ҳоло ин гулӯгоҳ зери назорати Эрон қарор дорад.
– Доналд Трамп пас аз шикасти музокироти Исломобод эълон кард, ки дасури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Ин ба кадом маъност? Оё Амрико Ҳурмузро муҳосира карда метавонад? Ва агар Эрон муқовимат кунад, чӣ ҳодиса мешавад?
– Ин яке аз василаҳои барҷастаи ҷанги равонӣ аст, чун ИМА пештар талаб мекард, аз ҳампаймонҳои худ даъват ба амал меовард, ки бояд гулӯгоҳ боз бошад, ҳоло худ хостори ба муҳосира гирифтан аст ва ин ба хотири он аст, ки кишварҳоро барои пазириши шартҳои ИМА водор кунад. Вале ба таври дарозмуддат муҳосира кардани Ҳурмуз ба иқтисоди байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад ва кишварҳои абарқудрате, ки иқтисодашон аз маводи сӯхти Халиҷи Форс вобастагӣ дорад, Амрикоро водор ба боз кардан мекунанд, вале барои кӯтоҳмуддат, яъне то давраи дуюми музокирот, барои зудтар қабул шудани баъзе қарорҳо ва пазируфта шудани шартҳои ҳур ду ҷониб амалан мусоидат мекунад.
– Муовини президенти Амрико пас аз музокира дар Исломобод ишора кард, ки ба Эрон як пешниҳоди охирин ва осонтарин додааст ва ин ба он маъност, ки Амрико кӯшиш дорад дари музокира баста нашавад. Тарафи дигар, яъне Эрон чӣ фикр мекунад ва оё омодаи идома додани музокира ҳаст?
– Ин ки эрониҳо ба ҷониби Амрико эътимод надоранд, аз таҷрибаи ду давраи гузаштаи музокирот аст, ки дар натиҷа Амрико ду маротиба ба Эрон ҳамла кард. Он замон шартҳои Эрон мисли имрӯза набуданд, балки хеле содатар буданд. Дар урфият мегӯянд, ки “кӯр як маротиба асояшро гум мекунад”, вале мо дидем, ки Эрон ду бор ба ин ҳолат гирифтор шуд. Аммо ду ҷанг нишон дод, ки Эрон ҳам тавонмандии дифои ҷиддӣ дорад ва ҳам ба Амрико ва шариконаш хисороти ҷиддӣ расонида метавонад…
– Дар ҷанг, аз як тараф Эрон ва аз тарафи дигар Амрикову Исроил ширкат доштанд. Аммо Исроил акнун ба ҳошия рафтааст: на дар баҳсҳои тавофуқи оташбас ҳузур дошту на дар музокираи Исломобод. Чаро?
– Барои он ки амалан Амрико агар ба ин ҷанг ҳамроҳ намешуд, Исроил ҷуръати ҳамла ба Эронро намекард. Бинобар ин, музокирот бо ИМА мантиқӣ аст, зеро бо соҳиби бор суҳбат кардан дар хариду фурӯш натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
– Ва боз дар бораи Исроил. Пас аз шикасти музокирот байни Амрикову Эрон муносибат байни Туркия ва Исроил якбора тезутунд шуд. Додгоҳе дар Туркия бар зиди 35 мақоми баландпояи исроилӣ, аз ҷумла сарвазир ва вазири мудофиаи он кишвар ба гумони даст задан ба ҷиноят зидди башарият парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Роҳбарони Исроил президенти Туркияро шадидан танқид намуда ва ҳатто дашном доданд. Фикр мекунед ин оғози боз як буҳрони дигар дар минтақа аст? Ва оё ин таниши Туркияву Исроил ба ҷанги Амрикову Эрон пайвастагие дорад ё не?
– Бори аввал нест, ки чунин таҳидидҳоро аз ҷониби мақомдорони баландпояи Туркия нисбат ба Исроил мебинем, ба вежа пас аз қазияи Фаластин ва Навори Ғазза. Вале миёни гуфтанҳо ва амалкард унсури баръаксро мебинем. Зеро Туркия яке аз шарикони муҳимтарини иқтисодии Исроил аст ва дар ҳамаи давраҳои танишҳои лафзӣ сатҳи ҳамкории иқтисодии онҳо поён нарафт. Шарики муҳими Туркия Озарбойҷон яке аз таъминкунандагони асосии нафти Исроил аст. Азбаски Туркия дар баробари кишварҳои мусалмоннишин даъвоҳои худро дорад, барои нигоҳ доштани обрӯву эътибори худ, ҳамчун ҳомии кишварҳои мусалмон изҳорот медиҳад, вале амалан коре намекунад. Ҷанги охир дар ҷаҳони Ислом ва дар Ховари Миёна абарқудрати наверо ба вуҷуд овард, ки он Эрон аст. Туркия ва Эрон ҳам шарикон ва ҳам рақибони таърихӣ ҳастанд ва дар ин ё он масъала ба ҳам омадани онҳо имкон дорад.
– Ҷанги 40-рӯза ба кишвари мо ва умуман ба Осиёи Миёна чӣ таъсир гузошт ва дар оянда чиро интизор шавем?
– Пеш аз ҳама он ба авзои умумии мардум асар гузошт. Чун дар Тоҷикистон мардум ба таври саросарӣ аз Эрон ҷонибдорӣ мекарданд. Зеро Эрон барои мо кишвари бегона нест, мо тамаддун, фарҳанг ва ҳувияти ягона дорем. Ба назари ман, мардуми мо барои худ Эрони дигарро кашф карданд ва агар ин падида ба таври мусбат идома ёбад, барои наздикии бештари кишварҳо таъсири мусбат мерасонад. Ҳамчунин, Эроне, ки баъди ҷанги 40-рӯза пайдо шуд, шояд сиёсат ва роҳкори хешро нисбат ба Осиёи Миёна тағйир диҳад ва дар равандҳои минтақаӣ фаъолтар шавад.
Мусоҳиб:
Барно СОҲИБОВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ