Боздошти ҷавон бо гумони қаллобӣ дар Душанбе

Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз боздошти як ҷавон хабар дод, ки дар қаллобӣ дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират гумонбар мешавад.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, боздоштшуда Фирӯз Ҳасанов, сокини 30-солаи пойтахт аст. Ӯ бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон пул гирифта, ба онҳо ваъда медодааст, ки дар муддати кӯтоҳ гувоҳномаи донистани забонҳои хориҷиро дастрас мекунад.

Тибқи маълумоти манбаъ, гумонбар дар назди бинои маркази мазкур, воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ, бо чунин усул теъдоди зиёди шаҳрвандонро фиреб дода, маблағҳои онҳоро аз худ кардааст.

Нисбати ӯ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, парванда мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *