Хатлон: Омӯзиш бо истифода аз робот
Дар Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон омӯзиши робототехника ба роҳ монда шудааст. Иқдоми муҳим бо дастгирии Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон роҳандозӣ гардидааст.
Акмал Нурализода, директори Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки мо омӯзиши робототехникаро шуруъ кардем. Ӯ мегӯяд, ин тарзи омӯзиш дар вилояти Хатлон собиқа надошт ва барои наврасону ҷавонон бисёр ҷолибу манфиатовар аст.

“Ин навъи омӯзиш бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои муосир ва ҷалби наврасону ҷавонон ба соҳаи технологияҳои нав ба роҳ монда шудааст. Дар омӯзиш иштирокчиён ба асосҳои барномасозӣ, сохтани роботҳо, истифодаи сенсорҳо ва идоракунии дастгоҳҳои зеҳнӣ шинос хоҳанд шуд. Омӯзиш бо чунин шакл дар интихоби дурусти касб ва омода кардани мутахассисони ҳирфаӣ мусоидат хоҳад кард”, – таъкид кард вай.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ