Даргузашти олими шинохта Алфия Аҳророва
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Алфия Аҳророва дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фаъолият дошт.
Тавре аз донишгоҳи мазкур ба Pressa.tj хабар доданд, Алфия Аҳророва яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод, амнияти энергетикӣ ва банақшагирии стратегӣ ба шумор мерафт. Ӯ ҳаёти худро ба рушди гидроэнергетика, иқтисодиёт, илм ва маориф дар Тоҷикистон бахшида буд.
Марҳум солҳои тӯлонӣ ҳамчун профессор дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осими фаъолият намуда, даҳҳо шогирдонро тарбия кардааст.
Алфия Аҳророва 9 августи соли 1943 дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёнаро дар ҳамин шаҳр гирифтааст.
Соли 1965 факултети энергетикаи Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ)-ро хатм кардааст.
Аз соли 1972 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба ҳайси муаллими калон, дотсент, профессор, мудири кафедра ва ноиби ректор оид ба илм фаъолият карда, то рӯзҳои охир ба кори омӯзгорӣ машғул буд.
Маросими ҷаноза рӯзи 17 апрел, соати 11:30, дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар, 65/1 баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ