Мастер-класси байналмилалии «Равандҳои муосири рӯзноманигории сайёҳӣ»

16 апрели соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мастер-класси байналмилалии «Равандҳои муосири рӯзноманигории сайёҳӣ» ба кори худ оғоз намуд, ки имрӯз низ идома мекунад.

Дар маросими ифтитоҳи мастер-класс ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода, инчунин роҳбарияти МД “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ” ва шунавандагони курс аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо ҳадафи баррасии тамоюлҳои нави рӯзноманигорӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва тақвияти нақши расонаҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар ҷараёни мастер-класс коршиносон, мутахассисон ва рӯзноманигорони варзида, аз ҷумла Яковина Олга Анатолевна  (Русия), Одил Нозир (Тоҷикистон), Сироҷиддинзода Сироҷиддин (Тоҷикистон), Дамов Василий (Сербия), Амирзода Дилафрӯз (Тоҷикистон), Юсупов Темур (Русия), Шералӣ Давлатов (Тоҷикистон), Дидор Саъдуллоев (Тоҷикистон) масъалаҳои марбут ба таҳияи муҳтавои рақамӣ, истифодаи усулҳои муосири қиссапардозӣ (storytelling) ва рушди муҳтавои чандрасонаиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки технологияҳои рақамӣ бо суръати баланд рушд мекунанд, рӯзноманигории сайёҳӣ бояд ба талаботи нав мутобиқ гардида, бо истифода аз усулҳои ҷолибу таъсирбахш имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Ҳамзамон, дар доираи мастер-класс масъалаҳои истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳбурдҳои бозорёбии иттилоотӣ ва ҷалби аудитория баррасӣ гардида, барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва рақобатпазирии рӯзноманигорон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *