Сардори ШВКД-и Бохтар ба нафақа рафт
Олимҷон Бурҳониён, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар дар фазои тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуд. Ӯ бештар аз 2 соли охир сардори шуъбаи мавриди назар дар шаҳри Бохтар буд.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид. Дар ҳамоиш аз хизматҳои шоён ва саҳми арзандаи Олимҷон Бурҳониён дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандон ёдоварӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки тӯли солҳои зиёди фаъолияти роҳбарӣ, ӯ дар содиқона хизмат намудааст. Аз ҷумла давоми фаъолият ҳамчун сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар дар таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муҳим гузоштааст.
Дар охир ба Бурҳониён Олимҷон барои хизматҳои содиқона ва фаъолияти самарабахш Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва туҳфаи хотиравӣ тақдим гардида, ӯ бо эҳтирому қадрдонӣ ба нафақа гусел карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ