Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун асоси рушди устувор дар шароити ҳамкории ҷаҳонӣ
Имрӯз, 16 апрел ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини рушди устувор» дар мавзӯи «Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун асоси рушди устувор дар шароити ҳамкории ҷаҳонӣ» баромад намуд. Ин ҳамоиш дар доираи Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» баргузор гардид,
Зимни суханронӣ ректор аҳамияти рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар шароити ҷаҳонишавӣ махсус таъкид намуда, зикр кард, ки ин омилҳо ба пешрафти иқтисод, беҳтар гардидани низоми идоракунӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, рушди устувор ҳамчун ҳадафи умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.
Дар идома, масъалаҳои ҳамкории байналмилалии академӣ, табодули дониш ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Қайд шуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, рушди таҳсилоти дуалӣ, дастгирии стартапҳо ва роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ нақши муҳим мебозад.
Дар фарҷом, таъкид гардид, ки танҳо тавассути ҳамкории фарогир, истифодаи самараноки имкониятҳои технологӣ ва дастгирии илм ва инноватсия метавон ба рушди устувор ноил гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ