Маҳмадулло Кабиров, ҳампешаи Аловиддин Абдуллозода даргузашт

Маҳмадулло Кабиров, ҳунарманд ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон дар синни 61-солагӣ даргузашт. Ӯ солҳои зиёд дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба ҳайси ҳунарманд фаъолият кардааст.

Марҳум бо Аловиддин Абдуллозода, ҳунарманди хушноми тоҷик, дар бисёре аз саҳнаҳои театрӣ ва барномаи «Шӯхиҳои Аловиддин» нақш офаридааст.

Отахон Саидзода, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки марҳум то соли 2019 дар театр дар баробари Аловиддин Абдуллозода фаъолият дошт. Ба гуфтаи ӯ, Маҳмадулло Кабиров дар чандин саҳнаи барномаи «Шӯхиҳои Аловиддин» низ нақш бозидааст.

“Устод Аловиддин Абдуллозода нисбат ба марҳум эҳтироми зиёд доштанд. Ӯ дар саҳнаҳои гуногуни театрӣ ва барномаи «Шӯхиҳои Аловиддин» нақшҳои ҷолиб офарида, аз ҷониби тамошобинон низ хуб пазируфта мешуд”, – афзуд Отахон Саидзода.

Ба гуфтаи манбаъ, Маҳмадулло Кабиров имрӯз, 16 апрел, дар зодгоҳаш – ноҳияи Файзобод ба хок супорида шуд. Дар маросими бахоксупорӣ ҳунармандони зиёде иштирок карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *