Норак: Қаллобӣ дар ҳаҷми 1 миллион сомонӣ

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак нисбати як сокини ин шаҳр бо гумони даст доштан дар қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон нисбати Назарова Ситора Саидмуродовна, соли таваллудаш 1971, тибқи моддаи 247, қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Тибқи маълумоти тафтишот, гумонбар аз соли 2023 то инҷониб бо баҳонаи машғул шудан ба фаъолияти тиҷоратӣ аз шаҳрвандон маблағҳои калон гирифта, то ҳол онҳоро барнагардонидааст. Гуфта мешавад, ки ӯ дар 8 ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Маблағҳои гирифташуда аз 100 ҳазор то 400 ҳазор сомониро ташкил дода, ҳаҷми умумии зарар беш аз 1 миллион сомонӣ арзёбӣ мегардад.

Айни ҳол гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мақомоти милитсия аз шаҳрвандоне, ки эҳтимол ба чунин кирдорҳо дучор шудаанд, хоҳиш мекунанд, ки барои ҳимояи ҳуқуқи худ ба шуъбаи милитсияи шаҳри Норак муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *