Қоидаҳои нави фаъолияти савдо ва хизматрасонӣ дар пойтахт

Дар шаҳри Душанбе реҷаи ягонаи фаъолияти ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ муқаррар гардид.

Тибқи қарори раиси шаҳр аз 14 апрели соли 2026, ҳамаи чунин объектҳо, новобаста аз шакли моликият, ӯҳдадоранд фаъолияти худро ба тартиби нави реҷаи кор мутобиқ намоянд.

Бо мақсади татбиқи ин қарор, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Соҳибкорон метавонанд барои тасдиқи расмии реҷаи кори худ ба ин комиссия муроҷиат намоянд.

Мақомот таъкид мекунанд, ки ин иқдом ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини оромии шаҳрвандон равона шудааст. Назорати риояи реҷаи кор аз ҷониби милитсияи пойтахт ба таври мунтазам ба роҳ монда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *