Раиси «Ориёнбонк» соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода сазовори яке аз ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид.

Тавре ки аз Ориёнбонк хабар доданд, ӯ дар доираи ҷоизаи Global Banking & Finance Review Awards дар номинатсияи «Беҳтарин раиси бонк дар Тоҷикистон дар соли 2026» ғолиб дониста шуд. Ин ҷоиза сатҳи баланди касбият, дидгоҳи стратегӣ ва идоракунии самараноки роҳбарияти бонкро дар шароити бозори босуръат рушдёбанда иф мекунад.

Таҳти роҳбарии Ҳасан Асадуллозода Ориёнбонк мавқеи худро дар низоми молиявии кишвар боз ҳам мустаҳкам намуда, ба татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ ва рушди хизматрасониҳои бонкӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ, беҳтарсозии инфрасохтор ва васеъ намудани доираи маҳсулоти молиявӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк арзёбӣ мегарданд.

Ин ҷоиза ҳамчун эътирофи байналмилалӣ арзёбӣ шуда, ба таҳкими нуфузи Ориёнбонк, баланд гардидани эътимоди муштариён ва шарикони он мусоидат менамояд. Ҳамзамон, он нишон медиҳад, ки низоми бонкии Тоҷикистон тадриҷан ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро тақвият мебахшад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *