Боздошти гумонбари куштор дар “Кабири Хуҷанд”

Дар вилояти Суғд марде, ки бо гумони даст доштан дар куштор ҷустуҷӯ мешуд, аз ҷониби мақомоти милитсия боздошт гардид.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ҳодиса рӯзи 8 апрел дар коргоҳи “Кабири Хуҷанд”, воқеъ дар маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд рух додааст.

Гуфта мешавад, гумонбар Алишер Ҷӯраев, сокини 30-солаи шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша ҳамкораш Иқбол Носирови 40-соларо бо зарби корд ба ҳалокат расонидааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, миёни онҳо баҳс бар сари шароити кор ва таъмини ҷойи кори беҳтар сар зада, ба куштор анҷом ёфтааст. Пас аз ҳодиса гумонбар аз ҷойи воқеа фирор кардааст.

Мақомот барои пайдо кардани ӯ акс ва маълумоташро нашр намуда, аз сокинон кумак хоста буданд.

Рӯзи 17 апрел боздошти гумонбар тасдиқ шуд. Ҳоло нисбати Ҷӯраев парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *