Сироҷиддин Муҳриддин: Дар бораи ҶБВ филмҳо бештар таҳия шаванд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешниҳод кард, ки филмҳо дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар таҳия шаванд. Инчунин, филмҳо саҳми муштарак ва қаҳрамонии мардуми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро инъикос кунанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин пешниҳод дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки дар Маскав баргузор гардид, ироа шудааст.

Гуфта мешавад, ки роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар ин нишаст масъалаҳои муҳими байналмилалиро баррасӣ намуда, оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Таваҷҷуҳи хоса ба амнияти минтақавӣ, густариши ҳамкории иқтисодӣ ва амиқсозии робитаҳои башардӯстона ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳод зоҳир гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ рӯзи 17 апрел дар Маскав баргузор шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *