Баррасии имкони сафар бо шиносномаи дохилӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Ҳукумати Тоҷикистон тағйирот ба созишномаи сафарҳои мутақобила бо Ӯзбекистонро қабул кардааст, ки тибқи он шаҳрвандони ду кишвар метавонанд дар оянда бо шиносномаи дохилӣ ё ID-корт ба ҳамдигар сафар кунанд.
Ин пешниҳод ба созишномаи соли 2018 дахл дошта, баъди анҷоми расмиёти зарурии дохилии ҳар ду давлат мавриди амал қарор мегирад.
Гуфта мешавад, ҷониби Ӯзбекистон аллакай санадро имзо кардааст ва интизори тасдиқи ниҳоии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи тартиби пешниҳодшуда, чунин сафар танҳо миёни ду кишвар иҷозат дода шуда, барои рафтан ба давлатҳои дигар истифода намешавад.
Маврид ба таъкид аст, ки ҳоло шаҳрвандон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сафар кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ