Хонандаи мактаб духтареро аз марг наҷот дод
Ба иттилои мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе, рӯзи 19 апрел як ҷавондухтари сокини пойтахт бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Душанбе партофтааст.
Ҳодиса тахминан соати 21:00 дар кӯчаи Соҳилӣ, зери пули наздики бозори собиқ “Султони Кабир” рух додааст.
Ин ҳолатро Раҳматулло Мардиктоев, хонандаи синфи 11-и МТМУ №40-и ноҳияи Фирдавсӣ мушоҳида карда, фавран ба кӯмак шитофтааст.
Бо талоши ӯ духтар аз об берун оварда шуда, ба беморхонаи “Истиқлол” интиқол дода шудааст.
Ба гуфтаи мақомот, сабаби чунин амал эҳтимолан муноқишаи оилавӣ будааст.
Айни ҳол вазъи саломатии духтар таҳти назорати табибон қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ