Сафири Ҳиндустон дар чорабинии зидди сил дар Тоҷикистон иштирок кард

Дар Душанбе чорабиние таҳти унвони «Бале! Мо метавонем силро аз байн барем – бо роҳбарии ҳукумат ва бо дастгирии ҷомеаҳо» баргузор гардид, ки дар он Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике иштирок намуд.

Ин ҳамоиш бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Дафтари кишварии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни суханронии худ сафир таҷрибаи Ҳиндустонро дар самти мубориза бо бемории сил баррасӣ карда, нақши кишварашро ҳамчун «Дорусозхонаи ҷаҳон» дар муборизаи глобалӣ алайҳи ин беморӣ таъкид намуд. Ӯ инчунин талошҳои Тоҷикистонро дар самти пешгирӣ ва решакан кардани сил баланд арзёбӣ кард.

Чорабинӣ ба густариши ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба пешгирӣ ва табобати бемории сил равона гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *