«Амонатбонк» ва Бонки кишоварзии Чин ҳамкориро густариш медиҳанд

2 июни соли равон мулоқоти раиси “Амонатбонк” Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин Гу Шу баргузор гардид.

Ин мулоқот дар бинои марказии «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе доир шуд. Дар оғози он раиси Раёсати «Амонатбонк» меҳмононро хушомадед гуфта, аз натиҷаҳои фаъолияти молиявии бонк дар соли 2025 ва ҳадафҳои минбаъдаи он маълумот пешниҳод намуд.

Зимни суҳбат роҳбарияти «Амонатбонк» пешниҳод кард, ки ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои ҷалби сармояи мустақим, иштирок дар амалиётҳои асъорӣ, табодули таҷрибаи мутахассисон, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва маблағгузории савдо ба роҳ монда шаванд.

Дар навбати худ раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор дошт, ки ҷониби Чин омода аст бо «Амонатбонк» дар бахшҳои иштирок дар бозори қоғазҳои қиматнок, ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, аккредитивҳои ҳуҷҷатӣ ва пешниҳоди кафолатҳои бонкӣ ҳамкориро оғоз намояд.

Гу Шу ба фаъолияти молиявии «Амонатбонк» дар соли 2025 ва нақшаҳои минбаъдаи он баҳои баланд дода, таъкид кард, ки ҷониби онҳо барои густариши ҳамкориҳои судманд дар самтҳои барои иқтисоди миллии Тоҷикистон ва Чин муҳим омода мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаи суҳбат изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои оғози ҳамкориҳои нави молиявии дуҷониба таъкид карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *