Пас аз супориши Президент нархи семент поён рафт

Пас аз чанд ҳафтаи болоравии бесобиқаи нархи семент дар Тоҷикистон, мақомот мегӯянд, ки  вазъият тадриҷан ба эътидол бармегардад. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки нархи семент дар бозорҳо тақрибан 16-20 сомонӣ ё худ 23 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш дар бисёре аз минтақаҳои кишвар, шаҳри Душанбе норасоии семент ба мушоҳида расида, нархи як халтаи 50-кило то 70-85 сомонӣ расида буд. Ин қимматӣ якбора нигаронии харидорону фурӯшандагонро ба миён овард.  

Аммо дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 май Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки семент барои рушди сохтмон, зерсохтор ва иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад ва гароншавии он метавонад ба арзиши манзил ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонад.

Пас аз ин изҳорот Хадамоти зиддиинҳисорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, масъулин ба бозорҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғд ва Хатлон сафарбар шуданд. Ба гуфтаи мақомот, танҳо дар як шабонарӯз вазъият қисман ба эътидол оварда шуд.

Мониторинги рӯзи 29 май нишон додааст, ки ҳоло нархи як халта семент дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 54 то 60 сомонӣ буда, дар баъзе минтақаҳо бо назардошти хароҷоти нақлиёт то 65 сомонӣ мерасад. Дар вилояти Суғд нарх аз 60 то 65 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон аз 54 то 63 сомонӣ муайян шудааст.

Коршиносон мегӯянд, қазияи ахири семент нишон дод, ки бозори дохилии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз омилҳои мавсимӣ ва фаъолияти миёнаравон сахт таъсир мегирад. Дар мавсими фаъоли сохтмон ҳатто таваққуфи муваққатии баъзе корхонаҳо барои таъмир метавонад ба камбуди мол ва болоравии нархҳо сабаб шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон акнун тасмим гирифтааст, ки барои пешгирии такрори чунин вазъият чораҳои нав андешад. Аз ҷумла, супориш дода шудааст, ки бозори дохилӣ пурра бо сементи истеҳсоли ватанӣ таъмин гардида, ҳамчунин 4 корхонаи нави истеҳсоли семент сохта шавад.

Бо вуҷуди поин рафтани нархҳо, гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, мониторинг ва назорати бозорро то пурра ба эътидол омадани вазъ идома хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *