Нигаронии Президент аз болоравии нархи семент ва дастур ба ниҳодҳои масъул

Имрӯз, 28 май, таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишвар баргузор гардид, ки дар он вазъи истеҳсол, таъминоти бозори дохилӣ ва болоравии нархи семент мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки семент яке аз маҳсулоти муҳими соҳаҳои сохтмон, саноат ва рушди инфрасохтор ба ҳисоб рафта, таъмини устувори бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дорад.

Дар маҷлис зикр шуд, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар иқтидорҳои истеҳсолии соҳаи семент ба таври назаррас афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли он аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст.

Бо вуҷуди ин, Президенти кишвар ба вазъи кунунии бозори семент, аз ҷумла болоравии нарх ва камчинии маҳсулот дар баъзе минтақаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Гуфта шуд, ки сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсол, дар фаъолияти як қатор сохторҳои соҳавӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии истеҳсолот, истифодаи пурраи иқтидорҳо, танзими бозор ва назорати фаъолияти шабакаҳои фурӯш камбудиҳо ҷой доранд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон барои корҳои таъмирӣ боздошта шудаанд. Ҳамчунин, фаъолияти миёнаравҳо ва дилерҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи семент таъсир расонидааст.

Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки болоравии нархи семент метавонад ба суръати корҳои сохтмонӣ, арзиши манзил, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Баъд аз баррасии масъала ба мақомоти масъул барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини бозори дохилӣ бо семент супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аз ҷумла, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо ва ташкили низоми доимии мониторинги бозорро таъмин намояд.

Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо мақомоти марбута дастур дода шуд, ки фаъолияти шабакаҳои фурӯш ва миёнаравҳоро мавриди таҳлил ва санҷиш қарор диҳанд.

Ҳамчунин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Саридораи геология, Вазорати нақлиёт ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобаста ба таъмини устувори бозор, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани логистика, таъмини неруи барқ ва риояи меъёрҳои экологӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки вазорату идораҳои масъул бояд барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи бозори семент, ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва таъмини рушди устувори соҳаи сохтмон чораҳои амалӣ андешанд.

Ба роҳбарони Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ҷамъияти «Тоҷикматлубот» дастур дода шуд, ки хариди сементро аз истеҳсолкунандагон ва фурӯши онро дар минтақаҳои дурдаст ба роҳ монанд.

Дар робита ба вазъи бозори дохилӣ ба роҳбарони ширкатҳои истеҳсолкунандаи семент низ барои ба низом даровардани корҳои таъмириву истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуд.

Масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки вазъи бозори сементро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, дар муддати як ҳафта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.

Дар маҷлис таъкид гардид, ки аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи семент, ки аз ҷониби баъзе миёнаравону тоҷирон ба хотири ба даст овардани даромади муфт ба миён оварда мешавад, бояд ҷиддан пешгирӣ карда шавад.

Дар фарҷоми маҷлис ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо дода шуд.

Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои соҳаи маориф беҳтар карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *