Устод Лоиқ чӣ тавр ба зиёрати Аҳмад Зоҳир рафт?
Мусоҳиба бо доктор Фарид Бежан
Доктор Фарид Бежан устоди Донишгоҳи Монаши Австралия мебошад, ки дар шаҳри Мелбурн воқеъ аст. Ӯ аз тоҷикони Афғонистон аст. Соли 1992 маҷбур шуд Ватанро тарк кунад. То ин давра устоди бахши забону адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Кобул буд ва солҳои 80-ум бо устодони тоҷикистонӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Шуравӣ ба донишгоҳ равона шуда буданд, ҳамкорӣ дошт. Котиби Иттифоқи нависандагони Афғонистон буд ва бо аксри адибони тоҷик низ ошноӣ дорад. Доктор Фарид Бежанро профессор Равшан Раҳмонӣ ба идораи “Тоҷикистон” оварданд. Бо эшон суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.
Ба устодони шуравӣ осон набуд
– Нахуст худро ба хонандагони мо муаррифӣ кунед.
– Номи ман Фарид Бежан аст. Соли 1959 дар Кобул таваллуд шудаам. Ёздаҳ сол устоди Донишгоҳи Кобул будам, дар бахши забон ва адабиёти форсӣ. Як муддат котиби Иттифоқи нависандагони Афғонистон низ будам. Яке аз бахшҳои фаъолияти мо робита бо нависандагону адибони тоҷик буд. Аз ҷумла, бо устод Лоиқ Шералӣ низ аз ҳамон давра ошноӣ пайдо кардам.

– Шумо дар бахши филология фаъолият мекардед. Он замон устодони тоҷик аз ҷониби Иттиҳоди Шуравӣ ба Афғонистон рафта буданд?
– Бале. Ҷолиб он аст, ки ман соли 1981, дар синни 21-солагӣ устоди донишгоҳ таъйин шудам. Тоза ба кор оғоз карда будам, ки аввалин гурӯҳи устодони шуравӣ ба Кобул омаданд. Бо ҷавони рашид – Равшан Раҳмонӣ низ аз ҳамон замон дӯст шудем. Бояд бигӯям, ки дар оғоз устодони шуравӣ дар Афғонистон рӯзгори сахте доштанд. На ҳама тарафдори онҳо буданд ва донишҷӯён ҳам дар оғоз аз онҳо хуб истиқбол намекарданд. Ёдам ҳаст, ки ман дар аввал ассистенти як устоди тоҷик бо номи Собир Мирзо будам. Устоди бисёр тавоно ва меҳрубон буданд. Муҳимтарин хислаташон сабуриашон буд. Мо бо ҳам се-чор китоб ва панҷ-шаш мақола чоп кардем.
Дар оғоз баъзе донишҷӯён муносибати хуб надоштанд, аммо устод Собир Мирзо бисёр сабур буданд ва ҳатто дар ҷавоби номеҳрубониҳо ҳам меҳрубонӣ мекарданд. Аз тарафи дигар, шеваҳои нави тадрисро ба кор мебурданд, ки донишҷӯёнро ҷалб мекард. Ҳамин сабаб шуд, ки тадриҷан ва бисёр зуд донишҷӯён бо ин устодон унс гирифтанд.
Ба назари ман, устодони тоҷик ва умуман устодони шуравӣ дар рушди Донишгоҳи Кобул нақши бисёр муҳим бозиданд, аммо баъд аз суқути Иттиҳоди Шуравӣ фурсате барои арзёбии кори онҳо ба вуҷуд наомад. Ин кор бояд анҷом шавад.
Донишгоҳи Кобул тавре сохта шуда буд, ки ҳар факулта бо яке аз донишгоҳҳои Аврупо ё Амрико робита дошт. Системаҳо гуногун буданд. Вақте устодони шуравӣ омаданд, онҳо як низоми якдаст ва муназзамро ҷорӣ карданд, ки барои мо кумаккунанда буд.
Мушкили дигари мо китобҳои дарсӣ буд. Ман соли 1976 ба донишгоҳ дохил шудам. Китоби дарсӣ бисёр кам буд. Устодони шуравӣ китоб навиштанд. Албатта, ҳамаи низоми шуравӣ барои мо хуб набуд, вале бояд воқеъбинона арзёбӣ кард.
Як мисол меорам. Мо бо устод Собир Мирзо як мақола навиштем. Ман номи эшонро “Собир Мирзо” навишта будам, вале эшон эътироз карданд, ки чаро “Мирзоев” нанавиштам. Ин устодон бисёр фаъол буданд. Агар маҷаллаҳои академии солҳои 80-ро бубинед, ҳудуди 80 дарсади мақолаҳо ба олимони шуравӣ, бахусус тоҷикон тааллуқ дорад.
– Ба ғайр аз Собир Мирзо ва Равшан Раҳмонӣ боз кадом устодони тоҷикро ба ёд доред?
– Абдунабӣ Сатторзода, Неъматзода, Иброҳим Усмонов, Сиёев ва бисёри дигарон. Мо махсусан аз устод Лутфуллоев бисёр сипосгузор ҳастем, зеро дар таҳияи китобҳои дарсӣ саҳми бузург доштанд.
– Устод Равшан Раҳмонӣ зимни муаррифии шумо гуфтанд, ки солҳои 80-ум вақте корманди ҳизбӣ ва котиби Иттифоқи нависандагон будед, китобҳои зиёдеро чоп кардед.
– Бале. Аз замоне, ки матбаа дар Афғонистон муаррифӣ шуд, аз соли 1873 то соли 1980 теъдоди китобҳое, ки дар соҳаи адабиёт, бахусус ба забони форсӣ чоп шуда буданд, бисёр кам буд. Дар тӯли қариб сад сол ангуштшумор китоб нашр шудааст. Аз ҳамин сабаб, бузургтарин шоирони мо соҳиби китоб набуданд. Ман дар замони донишҷӯӣ бештар шоирони эрониро мешинохтам, на шоирони Афғонистонро, зеро китоб вуҷуд надошт. Насри ҷаҳонро бештар хонда будам, чун насри дарӣ, осори нависандагони Афғонистон дастрас набуд.
Вақте дар соли 1980 Иттифоқи нависандагон таъсис ёфт, яке аз аввалин вазифаҳои он чопи китобҳои адибон буд. Дар поёни он даҳа қариб ягон шоир ё нависандаи Афғонистон набуд, ки соҳиби китоб нашуда бошад.
Осори классикони форсӣ ҳам бисёр камёфт буданд. Масалан, дар китобхонаи Донишгоҳи Кобул танҳо як нусхаи “Таърихи Байҳақӣ” вуҷуд дошт. Баъд тасмим гирифта шуд, ки як силсила китобҳои бунёдии таърихӣ ва адабӣ, ки қаблан дар Эрон чоп шуда буданд, дар Афғонистон таҷдиди чоп шаванд. Дар натиҷа “Таърихи Байҳақӣ”, “Таърихи Бухоро” ва чандин асари дигар дубора нашр шуданд. Шумо тасаввур кунед, ки то даҳаи 1980 “Шоҳнома” дар Афғонистон чоп нашуда буд. “Маснавии маънавӣ” низ чоп нашуда буд. Мо ин китобҳоро нашр кардем ва барои мардум дастрас шуданд.

Ду хотира аз устод Лоиқ
– Шумо гуфтед, ки бо устод Лоиқ Шералӣ низ ошноӣ доштед…
– Бале. Устод Лоиқ соли 1982 ба Кобул омаданд. Ман он вақт котиби Иттифоқи нависандагон будам. Устод Лоиқ бо ду нафари дигар омада буданд. Яке аз онҳо шоири маъруфи рус Андрей Дементев буд, ки сармуҳаррири маҷаллаи ҷавонон (“Юность”) дар Москва буд.
Ман бо Андрей Дементев мусоҳиба анҷом додам ва тарҷумони мо устод Лоиқ Шералӣ буданд. Он мусоҳиба дар маҷаллаи “Жувандун” чоп шуд. Вале то имрӯз афсӯс мехӯрам, ки бо худи устод Лоиқ мусоҳибаи ҷудогона анҷом надодам.
– Аз устод Лоиқ чӣ хотираҳои ҷолиб доред?
– Ду хотира бисёр дар ёдам мондааст.
Дар рӯзҳое, ки устод Лоиқ дар Кобул буданд, ман ҳар субҳ ба дидорашон мерафтам. Баъзан якҷо субҳона мехӯрдем. Устод маро “ҷӯра” гуфта муроҷиат мекарданд. Як рӯз гуфтанд: “Ҷӯра, аз ту як хоҳиш дорам. Мехоҳам хонаи як тоҷики одии Афғонистонро бубинам. Бубинам, ки тоҷикҳои Афғонистон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, хонаҳояшон чӣ гуна аст…”. Он замон вазъи амниятии Афғонистон бисёр бад буд. Шуравиҳо зери назорати ҷиддӣ буданд. Бинобар ин, устод Лоиқ ҳақ надоштанд, ки аз барномаи таъйиншуда берун коре анҷом диҳанд. Вале эшон қолабшикан буданд. Ман гуфтам: “Пас ба хонаи мо меравем”. Он вақт ман муҷаррад будам. Устод ба хона омаданд. Меҳмондорӣ кардем. Хеле самимӣ буданд. Барояшон ҳама чиз ҷолиб буд, бинобар ин суол мекарданд.
Як рӯзи дигар субҳ боз ба дидорашон рафтам. Тавре гуфтам, мо чойи саҳар менӯшидем ва касоне буданд, ки устодро ба барномаҳои расмӣ мебурданд. Ногоҳ устод гуфтанд: “Ҷӯра, як хоҳиши дигар дорам, фақат не нагӯ”. Гуфтам: “Чашм”. Гуфтанд: “Маро ба зиёрати қабри Аҳмад Зоҳир бубар”. Гуфтам: “Устод, ин номумкин аст”.
Зеро вазъи шаҳр бисёр хатарнок буд. Қабристони “Шуҳадои Солеҳин”, ки Аҳмад Зоҳир он ҷо дафн шудааст, дар минтақае қарор дошт, ки таҳти нуфузи муҷоҳидин буд. Агар як шахси шуравиро он ҷо медиданд, зинда намемонд. Ё эҳтимол буд, ки гаравгон бигиранд.
Аммо дидам, ки устод сахт хоҳиши зиёрати Аҳмад Зоҳирро доранд. Он вақт ман нав ронандагиро ёд мегирифтам, вале ҳуҷҷати ронандагӣ надоштам. Ба ронандаи Иттифоқи нависандагон, ки ба банда хизмат мекард, гуфтам, ки мошинро назди меҳмонхона гузораду биравад. Худам калидро гирифтам.
Баъди зуҳр вазъ каме ором шуд. Ба устод гуфтам: “Меравем, вале сари қабри Аҳмад Зоҳир танҳо панҷ дақиқа меистем”. Гуфтанд: “Мебинем”. Мо ба роҳ баромадем. Тасаввур кунед, авҷи трофик, шаҳр ноором, ман ҳам дар умрам қариб ронандагӣ накардаам, вале ба ҳар ҳол рафтем.
Вақте ба қабристон расидем, дидам, ки дӯстдорони Аҳмад Зоҳир қабрашро бисёр зебо оро додаанд. Аз марги ӯ ҳамагӣ се сол гузашта буд. Устод Лоиқ вақте ба қабр наздик шуданд, онро оғӯш карданд. Дигар парвои маро надоштанд. Ашк рехтанд, шеър хонданд, чизҳое гуфтанд… Ман дар ҳолати тарс будам ва ҳатто намешунидам, ки устод чӣ мегӯянд. Офтоб қариб ғуруб мекард. Қабристон дар торикӣ ваҳшатнок мешуд ва худи шаҳр ҳам амн набуд. Гуфтам: “Устод, бояд биравем”. Гуфтанд: “Ту бирав, ман меоям…”. Вале пофишорӣ карда, устодро ба мошин овардам. Фақат ҳоло ёдам нест, ки он рӯз камераи аксбардориашон ҳамроҳашон буд ё не, чун дар рӯзҳои дигар ҳамеша камера доштанд.
Таҳқиқи Осиёи Миёна
– Шумо кай Афғонистонро тарк кардед?
– Соли 1992, баъди оғози ҷангҳои хунин. Бо зану фарзандонам аввал ба Ҳинд рафтем. Дар он ҷо имкони таҳсил пайдо шуд ва ман донишҷӯи донишгоҳе дар Ҳинд шудам.
– Ҳоло дар Австралия зиндагӣ мекунед?
– Бале. Аз соли 1994 дар Австралия ҳастам ва аз ҳамон вақт дар Донишгоҳи Монаш фаъолият мекунам.
– Он ҷо бахши адабиёти форсӣ вуҷуд дорад?
– Не. Забони форсӣ муддате кӯтоҳ дар Донишгоҳи миллӣ тадрис мешуд, вале баъдан баста шуд. Аммо таҳқиқот дар бораи адабиёти форсӣ, таърихи Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Осиёи Миёна идома дорад. Таҳсилоти асосии ман адабиёт ва адабиётшиносӣ аст. Қисми зиёди корҳои ман ба адабиёти муосири Афғонистон бахшида шудаанд. Солҳои охир бештар дар бораи таърихи Хуросон, таърихи Афғонистон ва Осиёи Миёна таҳқиқ мекунам. Дар Австралия муҳаққиқони дигар ҳам ҳастанд, ки дар ҳамин заминаҳо кор мекунанд. Ҳоло бештар рӯйи таърихи муосири Осиёи Миёна то аввали асри ХХ пажӯҳиш мебарам. Сафари феълии ман ба Тоҷикистон низ барои мутолиа аст ва бештари вақтамро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузаронидам.
Мусоҳиб:
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ