Зафар Нозим – шоҳсутуни санъати тоҷик (видео)
86 сол муқаддам, 2 июни соли 1940 овозхони маъруфи тоҷик Зафар Нозим ба дунё омадааст. Ӯ охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми асри гузашта ба саҳнаи ҳунар қадам гузошта, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз сарояндагони маҳбуби тоҷик табдил ёфт.
Зафар Нозим дар гузашта раҳбари Филармонияи давлатӣ ва гурӯҳи мардумии фолклории “Ганҷина” буд. Ҳунаршиносон ӯро яке аз шоҳсутунҳои кохи муҳташами санъати миллии тоҷик меноманд.
Барномаи эҷодии ӯ хеле ғанӣ буда, сурудҳои халқӣ, лирикии ишқӣ, панду ахлоқӣ ва ҳамчунин таронаҳои халқҳои гуногун, аз ҷумла афғонӣ, эронӣ, ҳиндӣ, русӣ, украинӣ ва ӯзбекӣ-ро дар бар мегирифт.
Ӯ муаллифи беш аз 100 суруд мебошад. Аз ҷумла, сурудҳои машҳури «Эй сорбон», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо», «Модар», «Соҳибдилон», «Эй, дӯстон» ва «Васфи Тоҷикистон» аз осори мондагори ӯ ба ҳисоб мераванд.
Зафар Нозим бо барномаҳои консертӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Муғулистон, Туркия, Олмон, Австрия ва Ҳиндустон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.
Ӯ ҳамчунин устоди чандин сарояндагони маъруфи тоҷик буд.
Зафар Нозим 3 августи соли 2010 пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 70-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ