Имсол дар Хатлон беш аз 54 ҳазор хонанда мактабро хатм мекунанд
Имсол муассисаҳои таълимии вилояти Хатлонро 54 ҳазору 246 хонанда хатм хоҳанд кард.
Тавре аз Раёсати маориф дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj хабар доданд, дар оғози соли таҳсили ҷорӣ 95 ҳазору 500 хонанда ба синфи якум қабул гардида буданд.
Ба иттилои манбаъ, соли таҳсили гузашта шумораи хатмкунандагон 38 ҳазору 741 нафарро ташкил медод. Имсол бошад, теъдоди хатмкунандагон ба 54 ҳазору 246 нафар расида, нисбат ба соли гузашта 15 ҳазору 505 нафар зиёд шудааст.
Феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 939 ҳазору 445 хонанда дар 1 ҳазору 403 муассисаи таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи масъулони соҳа, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия айни замон дар 288 иншооти соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Бо вуҷуди ин, дар баъзе синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз ҳам хонандагон аз меъёри муқарраршуда зиёданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ