Дар Душанбе аксияи «Имкон барои кӯдакон» баргузор мешавад

Шоми 1 июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Ташкилоти ҷамъиятии «Имкон» дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати шаҳри Душанбе аксияи иҷтимоии «Имкон барои кӯдакон»-ро баргузор менамояд.

Тавре директори ташкилоти мазкур Холбибӣ Эшонбобоева хабар дод, чорабинӣ аз соати 18:00 то 19:00 дар Боғи кӯдакон (Театри лӯхтак) баргузор шуда, ҳадафи он фароҳам овардани фазои идона, тақдими эҳсосоти мусбат ва хушҳол намудани кӯдакон мебошад.

Дар доираи аксия зиёда аз 1000 ҳубобак (пуфак)-и сафед ва кабуд, ки аз рангҳои нишони ТҶ «Имкон» илҳом гирифта шудаанд, ба кӯдакон ройгон тақдим карда мешаванд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин иқдом барои баланд бардоштани рӯҳияи кӯдакон ва боқӣ гузоштани хотираҳои нек аз ин рӯз роҳандозӣ мегардад.

Ҳамчунин, дар баргузории чорабинӣ беш аз 15 нафар ризокорон иштирок намуда, ба кӯдакон ва меҳмонони чорабинӣ хизмат мерасонанд. Ризокорон бо футболка ва бейсболкаҳои сафед бо нишони ТҶ «Имкон» ҳузур хоҳанд дошт.

Барои инъикоси касбии чорабинӣ як аксбардор ва як наворбардори касбӣ тамоми ҷараёни аксияро сабт намуда, маводҳои иттилоотиро барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар платформаҳои расонаӣ омода хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, аксияи мазкур пурра аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Имкон» маблағгузорӣ ва амалӣ гардида, ба хотири таҳкими фазои дӯстӣ, меҳрубонӣ ва хушҳолии кӯдакон баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *