Парвози дигарбораи ҳавопаймоҳо байни Теҳрон ва Душанбе
Пас аз се моҳи таваққуф, парвозҳо дар хатсайри Теҳрон – Душанбе дубора барқарор гардиданд. Ҳавопаймои ширкати эронии «Вориш» рӯзи 31-уми май дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омада, баъдан ба Теҳрон бозгашт.
Парвозҳо дар ин масир пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон дар охири моҳи феврал қатъ шуда буданд. Бо вуҷуди эълони оташбас дар моҳи апрел, барқароршавии парвозҳо ба таъхир афтод.
Ҳамчунин, то охири моҳи феврал дар ин хатсайр ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвоз анҷом медод, аммо то ҳол дар бораи азсаргирии парвозҳои он маълумоти расмӣ нашр нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ