Ҳодисаи шиканҷаи донишҷӯёни тоҷик дар Хабаровск баррасӣ шуд

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафир ҳодисаи шиканҷаи донишҷӯёни тоҷик дар Хабаровскро баррасӣ карданд.

24-уми май миёни ҳайати намоядагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон аз маълумоти воридшуда дар бораи бо баҳонаҳои гуногун ба таври оммавӣ боздошт гардидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия изҳори нигаронӣ кард. Ҷонибҳо зарур шумориданд, ки якҷоя ба таври ҳамоҳангшуда ба мушкилоти ҷойдошта ва пайдошаванда дар самти муҳоҷират чораҳои имконпазири муштарак меандешанд.

“Дар рафти мулоқот инчунин он ҳодисае, ки субҳи 19-уми май дар хобгоҳи №3-и Муассисаи таҳсилоти олии буҷетии федералии давлатии «Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур»-и минтақаи Хабаровски Федератсияи Русия ба вуқуъ омада, зимни он зиёда аз сад донишҷӯи тоҷики муҳассили донишгоҳи мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия мавриди бозпурсӣ ва шиканҷа қарор дода шуда буданд, муфассал баррасӣ гардид”,- таъкид шудааст дар хабар.

Ҳамчунин зикр гардид, ки чунин ҳодисаҳо ба руҳияи муносибатҳои дуҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Русия муносиб набуда, эҳтимол дорад, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зарар расонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *