Давлаталӣ Саид: Ба рушди иқтисоди сабз ҳавасмандем

Рӯзи 24-уми май дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва ҳайати мушовирони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, ҷонибҳо масоили марбут ба раванди татбиқи лоиҳаҳоеро, ки аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Виталий Кузнетсов, Талай Асилбеков, Ҷамшед Холов ва ҳайати мушовирони байнамилалӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳои самарабахш​ гуфта шудааст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ амалӣ гашта, ҳамкориҳои судманд дар ин самт идома доранд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид омодагии вилоятро ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳо дар самти рушди иқдисоди сабз баён доштааст. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022 “Барномаи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037” амал мекунад.​

Дар мулоқот ҳар ду ҷониб изҳори умед намудаанд, ки ҳадафҳо ба таври самарабахш татбиқ гардида, дар оянда бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд лоиҳаҳои гуногун амалӣ мегарданд, ки мақсади тадбирҳои мазкур беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *