Ҳоким Холиқзода бо раиси Бонки миллии Гурҷистон вохӯрд
Рӯзҳои 25 – 27 октябри соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Форуми Роҳи Абрешими Тифлис иштирок кард. Форуми мазкур дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар форум намояндагони 63 кишвари дунё дар ҳайати зиёда аз 2000 нафар ширкат намуданд.
Дар ин чорабинӣ масъалаҳои мубрами минтақавӣ марбут ба иқтисодиёт, савдо, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ ва молиявӣ дар панелҳои алоҳида мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
“Дар ҳошияи Форуми Роҳи Абрешими Тифлис мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Бонки миллии Гурҷистон Натия Турнава баргузор гардид. Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, аз табодули таҷрибаи кунунӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд”,- иттилоъ медиҳад БМТ.
Дар робита ба ин, ҷонибҳо ҷиҳати баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Гурҷистон ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон дар доираи сафари корӣ вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарият ва намояндагони ширкати технологии ҶДММ “Фина” баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки ҶДММ “Фина” яке аз ширкатҳои технологии Ҷумҳурии Гурҷистон дар самти технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб рафта, зиёда аз бист сол боз бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ