Месси ҳашт карат барандаи «Тӯби тиллоӣ» гардид

Лионел Месси баъд аз гирифтани 8-умин «Тӯби тиллоӣ» Sky Sports эълон кард, ки аз футбол истеъфо медиҳад.

Як рӯз пеш ҳамлагари 36-сола «Тӯби тиллоӣ» — ҷоиза ба беҳтарин футболбози солро гирифт.

Маросими супурдани ҷоизаҳо барои мавсими гузашта аз ҷониби рӯзномаи фаронсавии France Football баргузор шуд. Бар асоси натиҷаи овоздиҳӣ, ҳамлагари амрикоии “Интер Майами” Лионел Месси ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро гирифт.

Ин ҷоиза ҳаштумин ҷоиза дар карераи аргентинӣ буд. Месси ин ҷоизаи бонуфузро солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019, 2021 ва 2023 гирифтааст.

Вай аз тобистони соли 2023 рангҳои “Интер Майами”-ро ҳимоя мекунад.Шартномаи ӯ то соли 2025 ба имзо расидааст.

Дар ҳайати “Интер Майами” аргентинӣ дар тамоми мусобиқаҳо 14 бозӣ анҷом дода, 11 гол задааст ва 5 партофти ассистентӣ кардааст ва инчунин аввалин Ҷоми худро ба даст оварда, соҳиби мукофоттарин футболбоз дар таърих гардид.

Месси хатмкардаи “Барселона” аст. Дар 21 сол бо бошгоҳи каталонӣ ӯ қаҳрамони даҳкаратаи Испания ва чаҳор бор барандаи Лигаи Чемпионҳо шуд.

Дар соли 2021, аргентинӣ ба “Париж Сен-Жермен”-и Фаронса гузашт, ки бо ӯ ду маротиба қаҳрамони кишвар ва як маротиба Суперҷоми Фаронсаро ба даст овард.

Дар ҳайати тими миллии Аргентина Месси ғолиби Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар шуд ва гаронарзиштарин бозигари Ҷоми ҷаҳонии футбол эътироф гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *