Китоби нави Саймумин Ятимов чоп шуд

 «Андарзнома»- китоби нави профессор Саймумин Ятимов ба чоп расид. Дар он суханҳои пандомези мутафаккирони ҳар давру замон ва халқу миллатҳои гуногун ҷамъоварӣ шудааст. Муаллиф дар сарсухани китоб чунин навиштааст:

 «Махсус ҷамъоварӣ намудан, тартиб додан ва ба нашр расонидани маҷмуи зарбулмасал, мақол, шеър ва суханҳои пандомӯз мақсади алоҳида набуд. Солҳо ҳангоми мутолиаи рӯзнома, маҷалла, рисола ва китобҳо суханҳои пандомӯзеро, ки ба назарам бештар писанд меомаданд, интихобан рӯйнавис намуда, сари чанд вақт онҳоро мутолиа менамудам. Баъзеашонро дар кор ҳангоми навиштани мақолаву рисолаҳо истифода мебурдам. Ин суханҳо батамом ҳамкору ҳамсафару ҳамрози ман буданд».

Китоб барои оммаи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.

Дар китоб он зарбулмасал, мақол ва суханҳои пандомезе интихоб шудаанд, ки ба назари муаллиф рӯзмарра буда, бештар ба забони асл рӯйи чоп оварда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *