Ҳокиме дар Мексика бо тимсоҳ хонадор шуд

Ҳокими шаҳри Сан-Педро Уамелулаи штати Оаксакаи Мексика Виктор Ҳюго Соса бо тимсоҳ издивоҷ кард, то ба мардумаш хайру баракот биёрад. Дар ин бора хабаргузории РИА “Новости хабар” медиҳад.

«Марде дар чаҳорчӯби як маросими анъанавӣ бо тимсоҳ хонадор шуд. Бо чунин «никоҳ» сокинон метавонанд худоёнро ором созанд, то борон, ҳосили фаровон, сулҳу оромиро таъмин кунанд»,- гуфта мешавад дар хабар.

Ба хазанда Алисия Адриана ном гузоштаанд.

«Ман масъулиятро ба дӯш мегирам, зеро мо ҳамдигарро дӯст медорем. Муҳим он аст. Издивоҷ бе ишқ вуҷуд надорад…”,- гуфт ҳокими шаҳр.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни маросим даҳони тимсоҳро бо ресмон бастаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *