Тоҷике, ки дар фурудгоҳи Кишинёв ду афсарро парронд, даргузашт

Рустам Ашӯров, ки рӯзи 30-юми июн дар фурудгоҳи Кишинёв ду афсарро парронд, бар асари захмҳои ҳангоми боздошт бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора намояндагони Вазорати корҳои дохилии Молдова хабар доданд.

«Айбдоршаванда дар «футболи дугона» дар фурудгоҳи Кишинёв даргузашт»,- гуфта мешавад дар Telegram-и ВКД.

Рустам Ашӯров дар фурудгоҳи Кишинёв таппончаи як афсари интизомиро ба даст овардаву оташ кушода, ду корманди интизомиро кушта ва як мусофирро маҷруҳ кардаву чанд нафарро гаравгон гирифтааст. Вақти боздошт ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Бо вуҷуди ин, Додситонии кулли Молдова Ашӯровро барои 30 рӯз боздошт кард. Пас аз захмдор шудан ӯ се рӯз ба ҳуш наомадааст.

Қаблан раиси бозрасии пулис Виорел Чернаутану зимни брифинг гуфта буд, ки Ашӯров аз музокира бо афсарони неруҳои вижае, ки ба фурудгоҳ омада буданд, худдорӣ кардааст. Ҳангоми боздошт даҳ захми тир гирифта, ҳангоми ҷарроҳӣ як қисми шушаш гирифта шуда ва тамоми ин рӯзҳо дар ҳолати хеле вазнин, беҳуш, таҳти назорати табибон ва нозирони пулис қарор дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *