Ҳоли табоҳи “Афсонаи кӯҳӣ”

Истироҳатгоҳи “Афсонаи кӯҳӣ” дар дараи зебоманзари Ромит воқеъ аст. Ин истироҳатгоҳи қаблан овозадор аз лагерҳои маъруфи  “Чашма”, “Зимчурӯд”, “Чайка” ва ғайра дар замони шуравӣ аз он ҷиҳат фарқ мекард, ки дар фасли зимистон ҳам имкони қабули кӯдаконро дошт. 

 “Афсонаи кӯҳӣ” аз рӯйи лоиҳаи меъмори маъруфи шуравӣ Александр Иванович сохта шудааст. Номи истироҳатгоҳро ҳам ӯ гузоштааст. Гуфтан бамаврид аст, ки тарҳи биноҳои муҳташами дигар, ба монанди Театри ҷумҳуриявии Лӯхтак, кинотеатри “Тоҷикистон”, кинотеатри тобистонаи “Тошкент”, кинотеатри кӯдаконаи “Орлёнок”, маркази савдои “Баракат”, қаҳвахонаи “Сарез” ва ғайра маҳсули заҳматҳои ин меъмори маъруфи украинитабор аст. Дар деворҳои лагер аксу мусаввараҳои зебоеро мебинем, ки аз завқи баланди ин меъмор гувоҳӣ медиҳад.

Яке аз филмҳои маъруфи ватанӣ бо номи “Қадри дӯст” (Дӯстонро намефурӯшанд, соли 1984) дар ҳамин мавзеъ рӯйи навор омадааст.

Истироҳатгоҳ дорои имкониятҳои фарох буд, ки ҳар як кӯдак орзуи ба ин ҷо омаданро мекард. Аммо имрӯз бошад, вазъи истироҳатгоҳ табоҳ аст. (Ниг. ба аксҳо).

Бо овардани ин матлаб таваҷҷуҳи МИҲД-и шаҳри Ваҳдат ва дигар масъулинро ба ин осоишгоҳи фаромӯшшуда равона кардан мехоҳем. Зеро барқарорсозӣ ва дигарбора ба фаъолият шуруъ кардани осоишгоҳи “Афсонаи кӯҳӣ” метавонад барои рушди сайёҳӣ дар дараи Ромит саҳм гузорад. 

Беҳрӯзи ХАЙРУЛЛО,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image