Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский дар Душанбе аз нав бунёд мешавад
Имрӯз 17 март дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар шаҳри Душанбе санги асос гузошта шуд.
Дар гузоштани санги асоси ба таври маҷозӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Владимир Путин иштирок карданд.
Ҳамчунин, дар он раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар мақомдорони давлатӣ ба таври ҳузурӣ ширкат варзиданд.
Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ аст.
👉Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ